Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Соҳибхабарон амини шоҳон бошанд,
Мақбули дили ҷаҳонпаноҳон бошанд.
Ҳам бар ҷигари ситамгарон неш зананд,
Ҳам марҳами захми додхоҳон бошанд.
Агар бе иттилои соҳибхабаре муҳимме ба мавқуфи арз расад, шарти огоҳӣ нест, ки зуд дар ҳукми фармон бошад. Чӣ бузургон гуфтаанд, ки ҳукми подшоҳ ба монанди қазо ва такрир (муқаррар) мемонад...»
Овардаанд, ки дар рӯзгори Қубоди шаҳриёр шахсе ба вайронае даромад, шахсе дид афтода. Нек дарнигарист, сараш бурида буданд ва корд бар синааш ниҳода. Он кас аз ғояти таҳайюр мабҳут (ҳайрон) ва беҳуш бимонд. Мисраъ:
«Не қуввати истодану не қуввати рафтан».
Дар ҳамин ҳол яке аз мулозимони ҳокими он вилоят бирасид. Он сурат мушоҳида кард. Дарҳол ӯро дасту гардан баста ва корди пурхун аз гарданаш овеҳта ба дари хонаи ҳоким овард ва воқеаро такрир (баён) кард. Ҳоким бонг барзад, ки ин касро чаро куштӣ? Гуфт: «Аюҳалмалик, ман бар ин вайрона расидам ва ӯро кушта дида, мутаҳайир ва мутааҷҷиб гаштам. Дар аснои ин ҳол ин кас маро гирифта ба назди шумо овард ва ман на аз мақтул хабар дорам ва на аз қотил». Ҳоким гуфт: «Гумони ман он аст, ки ту ӯро куштай ва бад-ин суханон мехоҳӣ, ки аз дасти ман бираҳӣ». Бечора гуфт: «Эй малик, бо ман ба гумони худ кор макун, ки... гумон ба ҷои яқин наменишинад». Ҳоким гӯш ба сухани вай накард. Фармуд, то ба дораш кашанд.
Нидо мезаданд, ки вай дар фалон вайрона касеро куштааст. Ҷавоне аз назоратчиён пеш омаду гуфт: «Эй ҷаллод, чандон сабр кун, ки ман пеши малик дароям ва сурати ҳол боз намоям. Таъҷил манамой, ки ин шахс бегуноҳ аст ва хуни бегуноҳ рехтан амали табоҳ». Ҷаллод таваккуф кард. Ӯро пеши малик бурданд. Гуфт: «Аё малик, хуне, ки дар он вайрона воқеъ шуда ман кардаам. Он кас душмани ман буд. Фурсате ёфтам, ӯро бикуштам ва ин ҷавон, ки сиёсат фармудай, аз ин ҳол бехабар аст». Малик тааммули бисёр фармуд ва назр (ваъда) кард, ки дигар ба муҷарради гумон ҳукм накунад. Пас он ҷавонро маҳбус сохта, сурати ҳол ба подшоҳ Қубод арз карданд. Вай аз уламои замон пурсид. Гуфтанд: «Ӯро набояд кушт, зеро ки агар якеро кушта, сабаби ҳаёти дигаре шудааст». Пас Қубод онро талабид ва сурати ҳол аз вай пурсид ва ҳилъат дода озод кард ва фармуд, то дар васоё навиштанд, ки бар подшоҳ лозим аст, ки хуни мардумон ба муҷарради ваҳму гумон нарезад. Қитъа:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор