Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Амир баъд аз се рӯз бозомада, тамҳид дод, ки: «Эй малик, бад-он миқдор, ки мақдур доштам, ҷидду ҷаҳд намудам ва дар тафаҳҳуси чунин мурғ саъй кардам, пайдо нашуд. Ишорати ҳазрати олӣ ба ҳар чӣ содир шавад дар арзи он то мақдур муҳайё гардонем».

Султон фармуд, ки матлуби ман мисли ин мурғест ва ман ихтиёри шаҳру вилоят ба дасти ту додаам ва ту аз таҳсили ин миқдор оҷизӣ, чӣ гуна аст? Бирав, се рӯзи дигар мӯҳлат додам ва ин навбат бе чунин мурғе боз наёӣ. Дигарбора амир бирафт ва баъд аз се рӯз дасти тиҳӣ бозомад. Султон фармуд, ки ту аз шаҳр чунин хабар дорӣ, ки чаҳор мурғ ба ин шаклу ҳайъат дар як хона аст ва пайдо наметавонӣ кард.

Бирав ба сари чаҳорсӯи шаҳр ва ба бозори шарқи гузар кун, чун ба дари фалон масҷид расӣ, маҳаллаест дар дасти рост. Дар он маҳалла кӯчаест бад-ин нишон; дар пеши он кӯча хонаест ва дар даруни он хона хонаи хурд аст. Дари он хона бикушоӣ дар он ҷо ва дар он қафас чаҳор мурғест бад-он навъ, ки ман гуфтам, биёр. Амир ҳайрон шуда аз назди султон берун омад ва ба дастуре, ки малик нишон дода буд, бирафт ва қафасро бо мурғон ҳозир гардонид. Малик фармуд, ки аҳли ҳукуматро бояд, ки худ чунин бохабар бошанд, ки ман ҳастам. Амир, ки ин сухан бишнид, ба худ андеша кард, ки подшоҳе, ки аз бозору кӯча ва аз хонаи шаҳр чунин бохабар аст, имкон медорад, ки бар аъмоли пинҳонии ман ҳам вуқуф дорад. Тавба кард ва бо роҳи рост боз омад.

Аз ин ҳикоят маълум мешавад, ки иттилои салотин бар аҳволи мардум фавоиди бисёр дорад. Маснавӣ:

Чунин гуфт марди суханофарин,
Зи ахбори шоҳони Эронзамин.
Ки Хурмуз ба ҳангоми назъи равон,
Ба Хусрав чунин гуфт: «К-эй навҷавон!
Ҷаҳоне ба зоти ту вобастаанд,
Ба фармони ҳукми ту побастаанд.
Ба ғафлат макун хоб, бедор бош!
Зи аҳволи гетӣ хабардор бош.
Чу дар ӯҳдаи туст олам тамом,
Машав ғофил аз кори худ, вассалом».

Дафъи ғафлат ба таъйини соҳибхабарон аст, то бар аҳволи ҳар вилоят иттилоъ ёбанд. Мансури халифа гуфтааст, ки ман ба се кас мӯҳтоҷам: Аввал, омиле ки моли раият ба ман надиҳад ва моли ман ба раият нагзорад. Дуввум, шаҳнае ки доди мазлум аз золим биситонад ва ҳукм бетамаъу ғараз кунад, пас оҳи сард баркашиду гуфт: «Эй дареғ аз севвум». Пурсиданд, ки он кист? Гуфт: «Он шахсе, ки сурати аҳволи инҳоро чунончи ҳаст бознамояд ва алҳақ агар подшоҳро чунин касон ба даст афтанд, пас салоҳ дар миёни халқ падид ояд. Овардаанд, ки Ардашери Бобак азбаски тафахҳуси ҳоли гузаштагон ва наздикон кардӣ кор ба он ҷо расида буд, ки ҳар чӣ ҳар рӯз ба амри ӯ вузаро ва аъмолу соири мулозимон гуфтӣ, ки дӯш ҳоли ту бар ин минвол буд, ки чӣ хӯрдӣ ва куҷо хуфтӣ ва бо кӣ сухан кардӣ ва чӣ гуфтӣ. Мардум аз ин сухан тааҷҷуб менамуданд ва мегуфтанд вайро фариштагон хабар медиҳанд ва ӯ соҳибхабар аст:

пешина
аз 242
навбатӣ