Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ТАЯҚҚУЗ ВА ХИБРАТ

Таяққуз бедорӣ бошад дар кори мамлакат ва хибрат огоҳӣ аз ҳоли раият... Мулуки одил баъд аз иттилоъ бар он саъй намоянд, то ҳар халале ва залале, ки дар бунёди маъдалат зоҳир шуда бошад, мараммат (таъмир) ёбад ва ислоҳ пазирад, пеш аз он ки дасти тадорук ба домани талофии он нарасад. Байт:

Ба аввал тавон кард ислоҳи сер,
Аз он пеш, к-аз каф равад ихтиёр.

Ва бисёр буда, ки салотин дар шаб мегаштанд ва тафаҳҳуси аҳволи раияту мамлакат мекарданд. Чӣ бисёре ахбор бошад, ки муқаррабони даргоҳи салтанат наметавонанд ва агар ба самъи эшон расад, ба ҷиҳати маслиҳати худ ё мулоҳизаи вақту замон ба подшоҳ нагӯянд ё натавонанд гуфт...

Чу некӯ матоест корогаҳӣ,
К-аз ин нақд олам мабодо тиҳӣ.
Зи олам касе сар барорад баланд,
Ки дар кори олам бувад хушманд.

Овардаанд, ки дар Хоразм подшоҳе одил буд риояти шафқат ба халқ, дар майдони марҳамат афрошта. Қитъа:

Зи адли ӯ шуда бози сафед ҷуфти куланг,
Зи амни ӯ шуда шери сиёҳ, рафиқи шагол.
На он фароз барад дар ҳаво бад-он чангол,
На ин дароз кунад дар замин бад-ин чангол.

Дар замони ӯ касеро заҳра набуд, ки ба ошкор амале нописандида аз фиску фуҷур тавонистӣ кард. Магар яке буд аз умаро ва аъёни давлати ӯ, ки ҳуқуқи хизмати қадимӣ дошт ва бар дари боргоҳ ба ихтиёри ӯ касе набуд худро ба сурати салоҳ ба султон намудӣ ва дар хуфя (пинҳонӣ) ба ҳамру замр ва анвои фиск машғул будӣ ва касе заҳраи он надошт, ки аз вай шикоят кунад. Султон бар он ҳол вуқуф ёфта, нахост, ки ошкоро дар ин боб сухан гӯяд, чӣ изҳори ин навъ калимот аз акобир рафъи ҳиҷоб ва эҳтишом кунад ва он маҳобати (ҳайбатнокии) салтанатро мазарр (зараровар) аст. Пас, рӯзе аз рӯзҳо он амирро талабид ва фармуд, ки маро мурғе мебояд, ки минкори ӯ сурх бошад ва сарҳои боли ӯ сиёҳ, боқӣ сафед. Ва ҷуз ту касе ин навъ мурғро пайдо натавонад кард. Амир гуфт, ки ба талаби он иштиғол намоям ва ба ҳар ваҷҳ, ки тавонам пайдо созам, аммо маро се рӯз мӯҳлат бояд дод. Султон мӯҳлат дод. Амир ба ҷустуҷӯи мурғ машғул гашт. Дар шаҳру навоҳӣ чунин мурғ ба даст наёмад.

пешина
аз 242
навбатӣ