Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Овардаанд, ки рӯзе яке бо бузурге ҳоли худ боз гуфт, илтифот нафармуд ва дигар бор гуфт, гӯш накард, севвум бор арз кард. Гуфт: «Чанд дарди сар медиҳӣ». Гуфт: «Сар тӯй, дард куҷо барам». Он азизро хуш омад ва ҳоҷаташ раво кард.
Сар баровардӣ ба давлат поймардӣ кун ба лутф,
Дастрас додат худо афтодагонро даст гир!

Яке аз салотини бузургро пурсиданд, ки мегӯянд ҳар чизеро закотест. Закоти салтанат чист? Ҷавоб дод, ки закоти подшоҳиву ҷаҳондорӣ он аст, ки агар мазлуме додхоҳӣ намояд ва ҳоҷати худро арз кунад сухани ӯро исғо (гӯш) фармоянд ва бо ӯ ба мадоро сухан кунанду ҷавоби дурушт бознадиҳанд ва аз сухан гуфтан бо заифону фуқаро ор надоранд, ки муколама бо хурдон аз хисоли бузургон аст...
Назар кардан ба дарвешон бузургиро баяфзояд,
Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.

Овардаанд, ки подшоҳе буд дар дорулмулки Чин ба зевари адл ороста ва ниҳоли ҳолаш ба сифати насфат

(пароканда) пероста ногоҳ офате ба ҳисси сомеаи ӯ роҳ ёфт ва гаронӣ дар гӯши ӯ падид омад. Аркони давлатро ҷамъ карду чунон зор бигирист, ки ҷумлаи ҳозирон бар ҳоли вай ба гиря омаданд ва аз барои тасаллии ӯ тадбирҳо ангехтанд. Малик фармуд, ки шумо гумон мебаред, ки ман бар фавти ҳисси самъ (шунавой) мегирям, чӣ медонам, ки оқибати кор футуру кусур ба қувваву ҳавос роҳ хоҳад ёфт. Пас, бар батлон чизе аз он марди хирадманд чӣ гуна андӯҳгин шавад. Гиряи ман барои он аст, ки ногоҳ мазлуме додхоҳ бар дари боргоҳ фарёд кунад ва садои ӯ ба гӯши ман нарасад ва ӯ маҳрум боз гардад ва ман бехабар бошам. Аммо дар ин боб фикре кардаам. Бифармоед, то дар ин диёр нидо кунанд, ки касе ғайри додхоҳ ҷомаи сурх напӯшад, то ба он аломат бар ҳоли мазлумон иттилоъ ёбам ва ба доди эшон бирасам.

Доди мазлумон бидеҳ, мақсуди маҳрумон барор,
Дину дунёро бад-ин доду даҳиш маъмур дор.

Ва бисёр буда, ки ба як доде, ки доданду ба фарёди мазлуме, ки расидаанд аз уқубати уқбо ҳиссаи наҷот ёфтаанд. Чунончи: Дар ахбор омада, ки султон Маликшоҳи Салҷуқӣ рӯзе бар канори Зиндаруд шикор мекард. Замоне ҷиҳати истироҳат дар марғзоре фуруд омад. Аз мулозимони султон Маликшоҳ ғуломе, ки ҳоҷиби хос буд, ба деҳе даромад, гове дид, ки бар канори ҷӯй мечарид. Бифармуд, то он говро гирифта бикушанд ва қадре гӯште аз он кабоб кард. Он гов азони аҷузае буд, ки маишати ӯ бо чаҳор ятим, ки дошт, аз шири ӯ ҳосил мешуд, чун аз он воқеа хабардор шуд аз худ бехабар гашт. Биомад ва бар сари пуле, ки гузори султон ба он буд, мунтазир биншаст. Ногоҳ Маликшоҳ бирасид. Барҷасту инони маркаби султон бигирифт. Ҳамон ғуломи ҳоҷиб тозиёна баровард ва хост, ки ба зани аҷуза бизанад ва манъ кунад. Султон гуфт: «Бигзор, ки мазлум бечора менамояд, бингарам, ки тазаллуми (фарёд) ӯ чист? Ва доди ӯ аз дасти кист?» Пас рӯй ба пиразан овард, ки сухан гӯй. Пиразан ба ҳукми он, ки гуфтаанд. Мисраъ:

пешина
аз 242
навбатӣ