Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Қитъа:
Ҳар якеро зи халқ мартабаест,
Пеш аз ин давр ёфта таъин.
Гар кас аз ҳадди хеш даргузарад,
Фитнаҳо хезад аз ясору ямин.
Ҳар касеро ба ҷои ӯ бинишон,
Пас ба давлат ба ҷои худ бинишин.
Яке аз фазилати адл он аст, ки хок дар аҷзои султони одил тасарруф намекунад. Овардаанд, ки яке аз уламо дар маҷлиси Маъмун ҳадисе ривоят кард, ки аҷзои подшоҳони одил дар қабр мутафарриқ намешавад ва аҷзои эшон аз якдигар намерезад. Маъмун фармуд, ки маро дар сидқи ҳадиси набавӣ шубҳае ё раъйе (омӯзиш) нест, аммо доияе (хоҳише) дорам, ки Нӯшервонро бубинам, ки дар воқеъ мазҳари адл буда ва бар забони муъҷазбаёни ҳазрати рисолат гузашта, ки ман мутаваллид шудам дар замони малики одил. Пас, азимати Мадоин (номи шаҳр) кард, чун ба ин ҷо расид, фармуд, то даҳмаи Нӯшервон бикшоданд ва ба он ҷо даромад, дид тоза дар хоб хуфта, чунонки шахсе дар хоб бошад. Се ангуштарӣ дар даст дошт, ба нигини ҳар яке матне навишта: аввал, он ки бо дӯсту душман мадоро кун, дуюм, дар корҳо бе машварати хирадмандон шурӯъ манамой, сеюм, риояти раият фурӯ магузор ва дар ривояти дигар омада, ки лавҳе аз зар болои сари вай овехта буд ва дар он лавҳ навишта, ки ҳар ки хоҳад, ки Худой мулки ӯро бузургвор гардонад ва ҳар ки хоҳад, ки мулки ӯ бисёр шавад, гӯ, сифати адли худро бисёр созад.
Маъмун бифармуд, то он пандҳоро бинавиштанд ва он хокро ба атр олуда болояш пӯшиданд ва манқул аст, ки дар он даҳма яке аз нуда мои Маъмун иҷозати сухан талабид ва баъди рухсат фармуд, ки адлро хосиятест, ки баъд аз вафот зарари хок аз кофари одил боз медорад ва агар одил ба саодати ислом мустаид бошад чӣ аҷаб. Дар уқбо зарари оташ низ аз ӯ боз доранд. Маъмун ин суханро писандид ва фармуд, то дар зайли он васоё сабт карданд. Маснавӣ:
Адл дар дунё накӯномат кунад,
Дар қиёмат хубфарҷомат кунад.
Андар ин олам муаззам созадат,
Чун бад-он олам расӣ бинвозадат.
Аз ҷумлаи аркони адл исғои (шунидани) каломи додхоҳ аст, яъне гӯш ба сухани мазлумон кардан ва рӯи отифат (лутф) ба сохтани муҳими эшон овардан ва аз он ки бисёр гӯянд малул набояд шуд ва ба танг набояд омад, зеро ки подшоҳ ҳукми табиб дорад ва мазлум ба мисли бемор аст ва мариз мехоҳад, ки тамоми аҳволи худро пеши табиб боз гӯяд. Пас, агар табиб тамоми сухани бемор гӯш накунад бар ҳақиқати марази вай матлаъ нашавад ва бе иттилоъ (хабардорӣ) маразу ташхиси он илоҷ чӣ гуна тавон кард:
Ту табибиву манат беморам,
Ҳоли дил аз ту чӣ пинҳон дорам?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор