Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Адл нурест к-аз ӯ мулк мунаввар гардад,
В-аз насимаш ҳама офоқ муаттар гардад.
Адл пеш ору муроди дили дарвеш барор,
То туро ҳар чӣ мурод аст, муяссар гардад.

Аз фазилати адолат ҳамин нукта бас, ки одил маҳбуби ҳама мардумон аст. Агарчи аз адли ӯ фоида ба эшон нарасида бошад. Ва золим мабғузи (душмани)

1 Сутӯҳ — оҷиз, дилтанг, безор аз чизе.

ҷамиъи ҷаҳониён аст. Агарчи аз зулми ӯ зараре ба эшон нарасида бошад ва масдоки (тасдиқи) ин ҳол ва миқёси ин маҳол қиссаи Нушервони одил ва Ҳаҷҷоҷи золим аст. Он ки Нушервон кофаре буд, оташпараст ва Ҳаҷҷоҷ бар қарори исломова саҳобаро тобеинро дида. Ҳар гоҳ, ки Нушервонро ёд кунанд бар ӯ офарин гӯянд ба сабаби адл аз ӯ ва чун зикри Ҳаҷҷоҷ гузарад бар ӯ нафрин фиристанд ба воситаи зулми ӯ. Маснавӣ:

Додгарӣ шарти ҷаҳондорист,
Давлати боқӣ зи камозорияст.

Мамлакат аз адл шавад пойдор,
Кори ту аз адли ту гирад қарор.
Ҳар ки дар ин хона шабе дод кард,
Хонаи фардон худ обод кард.

Абдуллои Тоҳир рӯзе писари худро гуфт, ки оё давлат дар хонадони мо то ба кай бимонад. Писар ҷавоб дод: «То даме ки бисоти адлу фарши инсоф дар ин айвон густурда бошад»:

То пои подшоҳ бувад бар бисоти адл,
Бар фарқи ӯ ниҳода бувад тоҷи сарварӣ.
Чун даст аз остини тағаллуб бурун кунад,
Бошад насиби гардани ӯ тавқи мудбирӣ.

Дар ахбор ворид аст, ки подшоҳи одил сояи лутф аст дар замине, ки паноҳ мегирад дар вай ҳар мазлуме. Мукаррар аст, ки ҳар киро аз тоби офтоб ранҷе расад, ҷиҳати истироҳат паноҳ ба соя мебарад, то ранҷи ӯ ба роҳат мубаддал гардад ва ҳамчунин мазлум низ, ки аз тоби офтоби ситам ва ҳарорати шарорати зулм ба танг ояд, паноҳи сояи худо, ки иборат аз подшоҳ аст, илтиҷо намояд, то аз кулфати золимон ва баракати он осоише дошта бошад: Маснавӣ:

Шоҳи одил сояи лутфи ҳақ аст,
Ҳар ки дорад адл лутфи мутлақ аст.
Халқро дар сояи худ ҷой деҳ,
В аз шараф бар фарқи гардун пой неҳ.

Ҳукамо гуфтанд: адл равнят (баробарӣ) нигоҳ доштан аст миёни халқ. Яъне гурӯҳе баробари гурӯҳе мусаллат насозад ва ҳар тоифаро дар пояи ӯ нигоҳ дорад ва худоми салотин дар асл чор гурӯҳанд: аввал, аҳли шамшер чун мурод лашкариён ва эшон ба масобаи оташанд. Дуюм, аҳли қалам чун вузарову кутобо ин гурӯҳ ба масобаи ҳавоянд. Сеюм, аҳли муомила чун бозаргонон ва муҳтарифоти эшон ба манзараи обанд. Чорум, аҳли зироат ва эшон ба масобаи хоканд. Ҳамчуноне ки аз ғалабаи яке аз аркони чаҳоргона бар дигаре мизоҷи халқ табоҳ шавад ва як гурӯҳ аз ин аснофи чаҳоргона мизоҷи мулк ҳам рӯй ба табоҳӣ орад ва салоҳи оламу низоми умури бани одам мункаъсу номунтазам монад.

пешина
аз 242
навбатӣ