Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Мазлум далер бошаду чиразабон,
Забон бикшод, ки эй писари Алпарслон, агар доди ман бар сари пули Зиндаруд надиҳӣ ба ғайрату ҷалоли аҳадият, ки то инсофи худ аз ту настонам, дасти мухосимат аз домани ту кӯтоҳ накунам, нек андеша кун, ки аз ин ду пул кадом ихтиёр мекунӣ:
Инсофи худу доди ман имрӯз бидеҳ,
Бидҳӣ, беҳ аз он бувад, ки бистонҳандат.
Султон аз моҳияти ин сухан пиёда шуду гуфт: «Зинҳор, эй модар, ман тоқати ҷавоби он сари пул надорам, бигӯ, то бар ту кӣ ситам кардааст, то дод аз ӯ биситонанд». Пиразан гуфт: «Эй малик! Ҳамин ғуломе, ки бар ҳузури ту тозиёнаи уқубат бар сари ман кашид, чашмаи айши маро талх сохтааст ва гове, ки маишати ману ятимони ман аз шираш муҳайё будӣ, бикушт ва кабоб кард». Маликшоҳ фармуд, то ғуломро сиёсат карданд ба ивази як модагор 70 модагор бидод. Баъд аз чанд гоҳе, ки султон вафот ёфт, пиразан ҳанӯз дар ҳаёт буд. Нимишабе бар сари қабри вай омад ва рӯи ниёз ба қиблаи дуо оварда гуфт: «Аллоҳ, ин банда, ки дар ин ҷо хок аст, вақте ки ман дармонда будам дасти ман бигирифт, ҳоло ӯ дармондааст. Ту ба карам дастгирии ӯ кун. Ман бечора будам, ӯ бо оҷизии махлуқияти хеш бар ман бахшид ин замон ӯ бечора аст. Ту ба қуввати холиқияти худ бибахшой». Яке шоҳро ба хоб дид, пурсид, ки чӣ тавр аст? Фармуд: «Агар дуои он пиразан ба фарёди ман нарасид, аз чанголи уқубат халосӣ мумкин набудӣ»:
Гуфт, ки бар раҳгузар он гандапир,¹
Гар ба ду олам нашудӣ дастгир.
Бе назари марҳамати подшоҳ,
Холи мани ғамзада будӣ табоҳ.
Доди ман ӯро ба дуо раҳ намуд,
Файзи дуояш дари ҳиммат кушод...
Нақл аст, ки дар айёми халифа Маъмун шахсе гуноҳе карда буд ва аз он шаҳр фирор намуда. Бародари ӯро пеши Маъмун ҳозир карданд. Маъмун ҳукм кард, ки бародари худро ҳозир кунад вагарна ӯро ба ивази бародараш ба қатл расонанд. Он шахс гуфт: «Эй халифа, агар омили ту хоҳад, ки маро бикушад ва ту ҳукм фиристӣ, ки фалонро бигузор он омил маро бигзорад ё не?» Гуфт: «Бале, бигзор». Гуфт: «Пас ман ҳукм овардам аз подшоҳе, ки ту ба инояти ӯ ҳокимӣ, ки маро бигзорӣ». Гуфт: «Нишони ӯ гӯй?!» Гуфт: «Нишони ман ин аст, ки худои таоло фармояд: Ҳеҷ касро ба гуноҳи дигаре ма-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор