Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳ чу ба азми дуруст пой кунад дар рикоб,
Дил шиканад хасмро в-аз кафаш афтад инон.

Овардаанд, ки яке аз мулук ба хӯрдани гиле одат карда, чунон ки ҳукамову утабо манъ мекарданд ва зарари онро бозменамуданд, аз он кор бознамеомад. Рӯзе яке аз аҳлуллоҳ ба дидани вай омада, ӯро ба ғояти зору низор ёфт. Рухсораи арғувонии ӯро заъфаронӣ дид ва тан бо тобу тавон, ӯро дар банди нотавонӣ гирифтор ёфт. Сурати ҳол истифсор намуд. Султон ҳақиқати воқеа бозгуфт, ки маро аз ҷиҳати хӯрдани гиле пойӣ ҳайрат дар гил аст ва дасти ҳасрат бар дил. Дарвеш фармуд, ки чун медонӣ, ки аз ин амр зарар ба ту мерасад, тадоруқ намекунӣ. Гуфт: «Чандон ки ҷаҳд менамоям ба худ бас намеоям». Дарвеш гуфт: «Куҷост он азме, ки подшоҳонро мебошад, ки ҳеҷ навъ эшонро аз он бознаметавон дошт». Султон аз ин сухан мутаассир шуд, азм кард бар он ки дигар гил намехӯрад ва ба баракати азимат аз он зарар халос ёфт.

Инони азм ба ҳар ҷонибе, ки бартобӣ
Макун ба дасти тараддуд инони худро суст.
Ки кас ба манзили мақсуд раҳ намеёбад,
Магар ба саъйи тамому дигар ба азми дуруст.
Ҳар он ки пои талаб дар тариқи азм ниҳад,
Ба тахтгоҳи бузургӣ расад ба гоми нахуст.

ДАР ҶИДДУ ҶАҲД

Чид саъй кардан аст дар таҳсили матлабҳо. Ҷаҳд ранҷ бурдан аст дар иктисоби (ҳосил кардани) мақсадҳо ва ин сифот тобеъи ҳиммат мебошад. Ҳарчанд ҳиммат олитар бувад, ҷидду ҷаҳд дар талаби мақсуд бештар воқеъ мешавад. Бояд ки марди баландҳиммат аз таҳаммули машаққат натарсад, чӣ ҳол аз ду берун нест: агар ба ҷаҳд домони мақсуд ба даст ояд фахвулмурод ва агар дар ҳиҷоб таваққуф афтад, узри ӯ назди оқилон возеҳ аст ва олиҳимматии ӯ дар талаб равшан:

Дар талаб мекушам ар ёбам зиҳӣ бахти баланд,
Вар наёбам узри ман афтад бузургонро писанд.

Дар амсоли ҳукамои ҳинд мазкур аст, ки мӯре камари ҷаҳд барбаста буд ва аз тӯдаи хоке, ки нақли (кашондани) он одамиёнро бар кулфат мерасонд, зарра-заррае бар ду тарафи дигар мерехт. Мурғе бар ӯ гузар кард, шахсе дид, заиф ва лоғар ба нишоти тамоми дасту пой мезад ва дар нақли он хок ҷидди тамоми ва ҷаҳди молокалом ба ҷой меовард. Гуфт: «Эй заифбунёд ва наҳифпайкар ин чӣ кор аст, ки пеш гирифтай ва ин чӣ муҳим аст, ки дар он ҳавз кардай? (фурӯ рафтай)». Мурғ ӯфт: «Маро бо яке аз қавми худ назарест ва чун талаби висоли ӯ кардам ин шарт пеш овард, ки агар сари висоли мо дорӣ, қадам неҳ ва ин тӯдаи хокро аз ин раҳгузар бардор. Ҳоло мустаиди он кор шудаам ва мехоҳам, ки ба он шарт иқдом намуда, аз уҳдаи берун оям». Мурғ гуфт: «Ин гумон, ки мебарӣ, ба қадри орзуи ту нест ва ин гумон, ки мекашӣ, ба қувваи бозуи ту не». Мурғ гуфт: «Ман азми ин кор кардаам ва қадами ҷидду ҷаҳд пеш ниҳода, агар пеш барам фаҳвулмурод ва илло маъзурам хоҳанд дошт:

пешина
аз 242
навбатӣ