Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Домани мақсуд агар орам ба каф,
Аз ғаму андӯҳ монам бартараф.
Вар нашуд аз ҷаҳди ман коре ба ком,
Ман дар он маъзур бошам, вассалом.
Фаридунро дар оғози салтанат, ки раёҳини давлат дар ёзи саодат ва майдони шодмонӣ аз муҳибби комронӣ вазидани андешаи тасхири баъзе аз мамолик, ки дар тасарруфи ҷамъе аз ғолибон буд, падид омад:
Кифофи нафс агар чанд андакест, вале
Ҷаҳон ба теғ гирифтан зи ҳиммати олӣ.
Ин маъниро ба урдугоҳи давлат мушовара кард. Ҷамъе гуфтанд: «Эй малик, мулке дорӣ ороста ва муболиға ба таҳаммул ва хоста бе зарурат ғубори фитна ангехтан ва оташи тазвир барафрӯҳтан, савоб наменамояд. Аз он чӣ ҳаст таматтӯъ бардор ва иртикоби (далерӣ) муҳотар фурӯ гузор.
Фаридун гуфт: «Қаноат табоеъи баҳоим сарафканда аст ва нишастан дар кунҷе аз иқтизои диноят ҳиммати аҷоиз аз кор вомондаи фурсат вақтро ки чун хаёли саҳоб гузаранда аст, ғанимат бояд шумурд».
Камари салтанат набояд баст,
Ҳар киро рағбати тапосоист,.
Аз машаққат куҷо биосояд,
Ҳар киро ҳиммати ҷаҳонбонист.
Оварданд, ки малике писари худро ба ҳарби хасме фиристода буд. Хабар оварданд, ки маликзода гоҳ-гоҳе дар роҳ зиреҳ аз бари худ берун мекунад ва ду шаб дар як манзил хаймаи иқомат мезанад. Падар ба ӯ навишт: «Эй писар, ҳақтаоло, ки иззатро офарид, кулфату машаққатро бо он қарин сохт ва лаззатро, ки халқ кард, орому роҳатро ба ӯ рафиқ гардонид. Он ки иззатро ба мулук дод ва мазаллатро ба раоё, хатти подшоҳ иззи мамлакат аст ва ҳиссаи раният амну амон ва истироҳат ва ин ҳарду бахш якҷо ҷамъ нашавад, лоҷарам подшоҳ бояд, ки осоишро видоъ кунад ва роҳатро ба раният гузорад. Ва дигар чунин намекунад, бо истироҳат дармебояд сохт ва аз нэзи мулк эъроз мебояд намуд».
Лаззати шоҳӣ туро бас, роҳати дигар маҷӯ,
Бо вуҷуди салтанат сармояи дигар махоҳ.
Яъқуби Лайс дар шурӯъи хол худро дар маҳоли ки афкандӣ ва хатарҳои куллиро иртикоб кардӣ (анҷом додан), аз осоиши нафс бартараф будӣ ва аз кашидани машаққатҳо як нафас наёсудӣ. Ӯро гуфтанд, ту марди рӯигарӣ, туро боис бар ин ҳама ҷафо кашидан ва худро дар ғарқобаи ҳалок афкандан чист? Гуфт: «Маро дареғ меояд, ки умри азизи худро дар ислоҳи рӯипу мис сарф кардан ва рӯи таваҷҷӯҳ ба пешае, ки дар он шарики бисёр бошанд овардан. Ҷидди ман дар он аст ва ҷаҳди ман барои он худро ба мартабае расонам, ки касе аз абнои ҷинси ман бо ман шарик набошад». Гуфтанд, ин муҳим бағоят саъб ва кори бисёр мушкил аст. Гуфт: «Ман донистаам, ки шарбати марг чашиданист ва бори фанову фавт кашидани. Он гоҳ дар кори баланд талаф шавам, беҳ ки дар коре паст бимирам, лоҷарам ба ин ҷидду ҷаҳд расид ба он мансаб, ки расид».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор