Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
(парешонии) хотири азҳарро сабаб чист?» Искандар ҷавоб дод, ки: «Тааммул мекунам, ки арсаи ҷаҳон ба ғояти парешонӣ ва сохти мамолики ҳафт иқлим бисёр мухтасар аст, шарм медорам аз барои ин миқдор мулк савор шудан ва таваҷҷӯҳ ба тасарруфу тасхири он намудан:
Кирои он накунад тӯлу арзи ҳафт иқлим,
Ки ман ба ниятӣ тасхири он савор шавам.
Ҳазор олам аз ин гар бувад кам аст, ҳанӯз
Ки ман ба ғарзи тасарруф бад-он диёр шавам.
Арасту фармуд, ки шак нест иёлати (идора кардан) ҳукумат ин мояи ҷаҳон на лоиқи ҳиммати баланд ва на дархӯри неъмати арҷманди туст. Арсаи мамлакати абадиро ба он ҷамъ кун, то ҳамчунон ба зарбати теғи ҷаҳонсӯз соҳиби сарои фониро дар кайди забт меорӣ. Ба баракати адл олам афрӯз, мулки саодати боқӣ ҳам дар қабзаи истеҳкоқ ояд, то ин нуқсон ба баракати он камол талофӣ (кифоя) пазирад ва ин андак ба зеби он бисёр равнақ гирад:
Мулки уқбо хоҳ, кон хуррам бувад,
Зарраи он мулк сад олам бувад.
Ҷаҳд кун то дар миёни ин нишаст,
Арсаи он оламат ояд ба даст.
Искандар бо ин сухан тасаллӣ ёфта, бар ҳаким офарини фаровон кард ва имрӯз шаҳбози ақл ҳар гоҳе дар ҳавои санои Искандар ҷиҳати он парвоз мекунад, ки хумон ҳимматаш ба устухони зиракони дунё сар фурӯ наёварда:
Ту бози соиди шоҳӣ ба устухон мангар,
Ҳумои ҳиммати худро баланд деҳ, парвоз.
ДАР АЗМ
Азм қавофили муродот ва кифояткунандаи умури муҳиммот аст. Ҳеҷ касро аз салотин бе мадади азми дурусту зимоми тасхири мамолик ба қабзаи иқтидор дарнаёмада ва бе такопӯйи саъйи балиғ бар сарири шаҳриёрӣ ва маснади ҷаҳондорӣ нарасида:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ва азимати дуруст он аст, ки чун ба қасди коре камар бандад ва ба сохтани муҳимме иштигол намояд ба манъи ҳеҷ монеае мумтанеъ нагардад ва кусуру футур ба азми хур роҳ надиҳад. Аз ҳакиме пурсиданд, ки азми мулук дар чӣ маҳал неку менамояд ва дар чӣ вақт ба кор меояд. Фармуд, ки дар дафъи аъодии мамлакат ба ғоят писандидааст, чӣ ҳар гоҳ, ки подшоҳ аз рӯи таваккал пон азимат дар рикоби таваккал орад, ҳар онна лашкари фатҳу зафар ба истиқболи ӯ мутаваҷҷеҳ мешаванд, зеро ки азми дуруст нишони ғалабаву нусрат аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор