Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Саҳиро шарм меояд, ки соил,
Хиҷил аз даргоҳи ӯ бозгардад.
Қисмати дигари ҳаё адабест ба маънии он, ки амале бошад, ки ба ҳасби шаръу ақл иртикоби он мамнӯъ набувад. Ҳаёи адаб ӯро аз он иштиғол монеъ шавад ва чунончи Нӯшервон дар хонае, ки гули наргис будӣ бо занону канизакони худ мубошират накардӣ ва гуфтӣ, ки чашми наргис ба чашмҳои нигаранда мемонад. Ва ба ҳақиқати ин сурат, ки аз Нӯшервон воқеъ шуда ҳаёест, зеро ки ҳаё он аст, ки ношӣ (пайдо) аз имон бошад ва ӯ оташпорае буда, балки ин сурати адабест, ки риоят мекард ва чун мулуки ислом мисли ин сурати маръӣ (муроотшуда) доранд, он ҳаёи адаб бошад.
Дил, ки пур аз васфи ҳаё мешавад,
Оинаи нури худо мешавад.
Дидаи бешарм писандида нест,
Дар назари ақл худ он дида нест.
ДАР ИФФАТ (ПОРСОЙ)
Он (иффат) эътироз бошад, аз иртикоби (боло рафтан) маҳрамот, хусусан аз шаҳвати ҳаром ва ин аз ҷумлаи макорими (лутфу карам) ахлоқ аст. Ва бузургон гуфтаанд, одамӣ ду нисбат дорад: яке бо малоика, ки бадон нисбат моил аст, ба илму амал. Дигаре бо баҳоиме (нафси ҳайвонӣ), ки ба он муносибат ҳарис аст, бо ақлу шурбу виқоъ. Шарти дуюм он аст, ки то метавонад нисбати малакиро фавт диҳад ва ба ҷониби нафси ҳайвонӣ майл намояд:
Аз малоик баҳра дорӣ в-аз баҳоим низ ҳам,
Бигзар аз хатти баҳоим к-аз малоик бигзарӣ.
ПАС, ҳар гоҳ ҳирси хӯрдан муставлӣ (ғолиб) шавад, одамӣ миёни ҳалолу ҳаром фарқ накунад, ҳамчунин ба вақти ғалабаи шаҳват низ миёни никоҳу сифоҳ (зино)
имтиёз набошад. Пас, афтоборат аз он аст, ки ба вақти он ки шаҳват ғолиб гардад, инони нафс бозкашида домани ҳимматро аз олудагии ҳаром пок дорад ва ҷуз ба ваҷҳи лозим ба ин сурат иқдом нафармояд. Ва назар аз амалҳои ношоиста фурӯ бандад, то дарҳои хайру салоҳ ва фирӯзӣ бар вай кушода гардад. Чун подшоҳ ба сифати афт ороста бошад, ҳар оина зулмати фиску фуҷур аз арсаи мамлакат дур шавад ва ғалаба орад. Бадномӣ ба зану фарзанди мардум нарасад.
Афт он ҷо, ки роят афрозад,
Дилу дакро тамом бинвозад.
Нафс аз ӯ нек хору зор шавад,
Рӯҳ мақбули кирдугор шавад.
Ӯ худ
Рӯи хуб асту камоли ҳунару домани пок
Лоҷарам ҳиммати покони ду олам бо ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор