Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минкор дар оби шӯр дорад ҳама сол.
Вақте ки дар қабилаи аъробӣ қаҳтӣ афтод ва ба зарурӣ ҷиҳати таҳсили (дарёфт) тӯша аз ватан берун омад. Чун аз шӯристон даргузашт бар мавзее афтод, ки хоки покаш солеҳи зироат буд. Горе дид, миқдори оби борон дар ӯ ҷамъ шуда ва гиёҳу хасу хошок болои он пӯшида... обе дар ғояти сафову латофат ба назари вай даромад. Араб ҳеҷ бор об бар рӯи замин чунин надида буд ва мутааҷҷиб шуда, пеш омада қадре аз он об бичашид ва дар назараш басе ширину хушгувор намуд. Ба худ гуфт, ки ман шунидаам, ки дар биҳишт оби бориди (хунукӣ) ширин, ки таъми он ҳаргиз мутағайир нагардад, агар ғалат накунам ҳақтаоло бар фақру факои ман бахшида ва ба музди гуруснагиву бечорагии ман ин об аз биҳишт ба дунё фиристод. Ҳоло маслиҳат дар он аст, ки қадре аз ин об бардошта назди халифаи рӯзгор барам ва ӯ ҳароина дар муқобили ин хидмат дар бораи ман эҳсоне фармояд. Ва ману аҳли байти ман ба баракати инъоми халифа аз қаҳтӣ бозрахем. Пас, машке, ки ҳамроҳ дошт, аз он об пур сохта, роҳи Бағдод пурсид ва рӯй ба дорулхилофат ниҳод. Ҳанӯз миёни аъробӣ ва Бағдод масофате монда буд, ки кавкаби ҳашмат ва дабдабаи азамати Маъмун расид. Аъробӣ маълум кард, ки ин халифа аст ва азми шикор дорад. Дарҳол бар сари роҳ омад ва забон ба дуогӯиву санохонӣ бикушод. Маъмун бад-ӯ мутаваҷҷеҳ шуда пурсид, ки эй аъробӣ, аз куҷо меоӣ? Гуфт: «Аз фалон бодия, ки аҳли он ба ғуссаи қаҳту балое дармондаанд». Гуфт: «Ба куҷо меравӣ?» Гуфт: «Ба даргоҳи ту омадам ва дасти тиҳӣ нестам, балки тӯҳфа дорам ва ҳадя овардаам, ки дасти орзуи ҳеҷ кас ба домани висоли ӯ нарасида ва дидаи таманнои ҳеҷ махлуке ҷилваи ҷамоли ӯ надида».
Халифа мутааҷҷиб шуд, гуфт: «Биёр, то чӣ овардай».
Аъробӣ машк пеш овард ва гуфт: «Ин оби биҳишт аст, ки дар ин олам касе надида ва начашида».
Об мағӯ шираи шоҳи набот,
Дар маза ҳамшираи оби ҳаёт.
Маъмун рикобдорро фармуд, то қадаҳе аз он об ба зудӣ овараД ва обе дид мутағайируллавн ва машки аъробӣ дар вай асар карда ва рангу бӯи он тағйири аҷиб ёфта. Халифа қадре аз он бичашид ва ба фаросат дарёфт, ки сурати воқеа чист. Шарми карам рухсат надод, ки парда аз рӯи кори вай бардорад. Гуфт «Эй аъробӣ, рост гуфтӣ, ин аҷаб обе латифу шурбате ғариб аст. Инро ба ҳар кас натавон дод». Пас рикобдорро фармуд, то қадаҳи обро дар матҳараи (ҷойи пок) хоса рехт ва машкро дар зовия. Дар муҳофизати он об муболиғаи зиёда аз ҳад намуд. Пас, рӯй ба аъробӣ кард, ки ё вачҳулааб, тӯҳфаи зебову табарруки писандида овардай.
Ҳоҷати ту чист ва чӣ муддадо дорӣ? Гуфт: «Ё халифа, мардумони ман аз фақириву бенавоӣ дар маърази талафанд. Умед дорам ба карами ту». Халифа фармуд, то ҳазор динор ҳозир карданд. Гуфт «Эй аъробӣ, ин зарҳо бигир ва аз ҳамин ҷо бозгард. Рӯй ба ватани худ неҳ.
Аъробӣ зар гирифта, зуд бозгашт. Яке аз хосон пурсид, ки ҳикмат дар ин чӣ буд, ки аз ин об касеро начашонида ва аъробиро аз ҳамин мавзеъ бозгардонидӣ. Маъмун фармуд, ки он обе буд нохушмазза ва бадбӯй, аммо ба нисбати обе, ки аъробӣ ба он парвариш ёфта буд, ӯро оби биҳишт менамуд. Шоистӣ, ки чун яке аз Шумо қадре аз он об бихӯрд ва ба сирри кор нарасида аъробиро бар он кор маломат кардӣ ва таъна задӣ ва он бечора мунфаил (шармсор) шудӣ. Агар ӯро аз ҳамин ҷо бознагардонидаме, шояд пештар рафтӣ ва оби Даҷларо бидидӣ ва аз он оби латиф бичашидӣ ва аз кардаву овардаи хеш хиҷилзада гаштӣ. Мо шарм доштем, ки яке назди мо ояд ба воситаи андак караму мо таваккуе намояд ва гарди хиҷолат бар саҳраи аҳволи ӯ нишаста бозгардад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор