Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
На ба даъвост қадру қимати мард,
Қимати мард сабр донад кард.
Овардаанд, ки рӯзе яке аз умаро пеши подшоҳе истода буд ва шоҳ ба у дар муҳимме мушоварот мефармуд. Қазоро каждуме дар пероҳани ӯ афтода буд ва ҳар соат амирро мегазид ва ба неши заҳролуди худ зарар мерасонид, то вақте ки неши вай аз кор биафтод ва ҳар заҳре, ки дошт ба кор бурд. Ва он амир мутлақо дар он машоварат қатъи сухан накард ва тағйире дар ӯ зоҳир нашуд ва суханаш аз қонуни ақлу ҳукумат инҳироф (рӯ тофтан) наёфт. То ба хона омад ва он каждумро аз ҷома берун кард. Ин хабар ба подшоҳ расид, мутааҷҷиб ва мутаҳайир гашт. Рӯзи дигар, ки амир ба мулозимати султон омад, фармуд, ки дафъи зарар аз нафс воҷиб аст. Ту чаро дирӯз озори акрабро аз худ мундафеъ насохтӣ? Ҷавоб дод, ки ман он наям, ки шарафи муколаман чун ту подшоҳеро ба сабаби алами заҳри каждуме қатъ кунам ва агар имрӯз дар маҷлиси базм бар неши каждуме сабр натавонам кард, фардо дар маъракан разм ба теғи заҳробдодаи душман чӣ гуна сабр тавонам кард?
Подшоҳро ин сухан хуш омад ва мартабаи ӯро баланд гардонид ва бад-он миқдор сабр, ки кард ба муроду мақсад расид:
Гарат чу Нӯҳи Набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон,
Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.
ДАР ТАВАККАЛ
Он (таваккал) дил бардоштан аст аз асбоб ва таваҷҷӯҳ намудану кифояти корҳои худро талабидан. Ҳар ки кори худро ба таваккал гузорад, ҳама кори ӯ ба разнаки дилхоҳ сохтаву пардохта гардад.
ПАС, маълум шуд, ки хосу омро аз ҳаё фоидаи тамом аст. Вай тоби офтоби ҳаё, самароти ахлоқи норасида ва хом:
Гар ҳаё набвад барафтад расми исмат аз миён,
Вар ҳиҷобе дар миён аст аз такозои ҳаест.
Яке аз ақсоми ҳаё — ҳаёи ҷиноят аст. Яъне гунаҳгор аз кирдори худ шарм дорад... Ки гар гуноҳ набахшанд шармсорӣ ҳаст...
Қисми дигар ҳаёи карам аст, ки карим шарм дорад, ки хоҳандае аз даргоҳи ӯ хиҷил бозгардад.
Маҳол аст агар сар бар ин дар ниҳӣ,
Ки боз оядат дасти ҳоҷат тиҳи.
Ниҳояти карам он аст, ки соилро (гадо) аз назди худ шармсору мунфаил бозгардонад ва чунончи дар ахбор омада, ки дар аҳди Маъмун аъробе буд, ки дар шӯразоре нашъунамо ёфта, ҷуз оби шӯру талх надида ва начашида:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор