Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАР АДАБ

Ҳар ки дар ӯ сирати некӯ бувад,
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.
Некии мардум на накӯрӯӣ аст
Хӯйи накӯ мояи некӯӣ аст.

Адаб сиёнати (муҳофизат) нафс аст аз қавли нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигоҳ доштан. Обрӯи худу дигарон нарехтан.
Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамъи аҳвол роҳи рост дошта бошӣ... Адаб аз ҳама кас некӯ мемонад, хусусан аз мулуки ҷаҳондор ва салотини бузургвор, чӣ ҳар гоҳ эшон бар ҷодаи адаб истиқомат варзанд, мулозимони эшонро низ риояти адаб лозим бошад. Пас умури мамлакат мунтазам гардад ва дар масолеҳи аҳли олам вақфи ҳикмат муҳайё шавад.

Акобир гуфтаанд: беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст. Дар ахбор омада, ки султони Миср бо подшоҳи Рум тарҳи мувосилат андохта, духтари ӯро аз баҳри писари худ хутба кард ва ҳам духтари худро дар ақди писари вай даровард. Сабаби ин вусулат расулу расоил аз ҷонибин мутавосил гашт ва ба иттифоқи ин ду соҳибдавлат ҳарду мулк бо якдигар оростагӣ пазируфт ва дар умури куллӣ ва ҷузъӣ муроҷаат барои якдигар намудӣ ва бе машварату тадбири ҳам дар ҳеҷ муҳим шурӯъ нафармуданд. Рӯзе малики Миср ба Қайсари Рум пайғом фиристод, ки писарон зубдаи ҳаёт ва умдаи зиндагонианд ва номи мо баъд аз вафот ҷуз ба ҳаёти эшон боқӣ намемонад:

Зиндаст касе, ки дар диёраш,
Монад халафе ба ёдгораш.

Пас, ҳиммат бар интизоми ҳол ва фароғболии эшон масруф бояд дошт ва инони иноят ба тарафи ҷамъият ва вусъати маишати эшон маътуф (омода сохтан) бояд сохт ва ман ба ҳиммати писари худ чандин захираҳо ва бар даҳ дастур обу замин муҳайё кардам. Аз он тараф ройи ҷаҳонорои он ҳазрат дар ҳусни эҳтиром (дар андухтани) бо ҳоли писари худ чӣ иқтизо буд аст? Чун ин пайғом ба самъи Қайсар расид, табассум карду гуфт: «Мол ёри бевафо ва маҳбуби нопойдор аст. Аз ӯ ҳисобе набояд гуфт ва ба матлаи фанни он фирефта набояд шуд. Ман писари худро ба ҳимояи адаб биоростам ва хазинаҳои макорими ахлоқ барои ӯ захира ниҳодаам. Мол дар маърази фанову завол аст. Адаб эмин аз тағйиру интиқол». Чун ин хабар ба мулки араб расид, гуфт: «Рост мегӯяд».

пешина
аз 242
навбатӣ