Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва чунин ҳам шуд.
Рӯзе Сулаймон (а) бар тахти худ нишаста буд. Бод вазидан гирифту бар ӯ мезад. Ӯ гуфт:
– Эй бод, даст бардору бар ман мапеч!
Бод гуфт:
– Ту ҳам аз хаёлу орзуи хом даст бардор, то ман ҳам аз вазидан боз истам!

Бод бар тахти Сулаймон раст каж,
Пас Сулаймон гуфт: Бодо каж мағаж!
Бод ҳам гуфт: Эй Сулаймон, каж марав,
В-ар равӣ каж, аз кажам хашмин машав.

Ҳамчунин хаёли шаҳвонӣ бар ӯ ғалаба ёфт. Ногаҳон тоҷаш каҷ шуд. Ҳарчи Сулаймон (а) кӯшид онро рост кунад, мумкин нашуд. То фикри шаҳвонии худро раҳо накард, тоҷ ҳам бар сараш рост нагардид. Пас аз ин ки аз хаёли хоми худ даргузашт ва андаруни дили худро пок кард, тоҷ бар ҷойи худ истод. Он гоҳ Сулаймон (а) хост, ки озмоиш бикунад. Тоҷро бар сари худ ба қасд каҷ ниҳоду ҳашт бор ин корро такрор кард ва ҳар бор тоҷ ба ҷойи худ боз мегашт.

Ҳашт бораш рост карду гашт каж,
Гуфт: «Тоҷо! Чист охир? Каж мағаж».
Гуфт: «Агар сад раҳ кунӣ ту рост, ман
Каж шавам, чун кажравӣ, эй мӯътаман!»
Пас Сулаймон андаруна рост кард,
Дил бар он шаҳват, ки будаш, кард сард.
Баъд аз он тоҷаш ҳамон дам рост шуд,
Ончунон ки тоҷро мехост, шуд.

Аз он пас Билқис – шаҳбонуи Сабо чашм аз ҳама чиз пӯшиду ба Худованди ягона дилашро пайваст.

ДОСТОНИ ДАРВЕШ ВА ПИРАМАРДИ ҲЕЗУМКАШ

Дарвеше барои шунавандагони худ ҳикоят кард, ки шабе дар хоб гурӯҳе аз бузургонро дидам, ки бо Хизр сарукор доштанд. Ба онҳо гуфтам, ки коре кунед, ки ман битавонам бе ранҷу кӯшиш рӯзии ҳалол ба даст оварам. Онҳо маро ба сӯйи кӯҳистоне бурданд, ки дар он ҷо дарахтони мева фаровон буд.

Мар маро сӯйи кӯҳистон ронданд,
Меваҳо з-он беша меафшонданд,
Ки Худо ширин бикард он меваро
Дар даҳони ту ба ҳимматҳои мо.

Ба ман гуфтанд, ки аз ин меваҳо ҳар чӣ дилат мехоҳад, бихӯр ва ман, ки рӯзии ҳалол ёфта будам, ба хӯрдан пардохтам. Хӯрдани он меваҳо тавоноии маро дар сухан гуфтан афзуд, ба тавре ки мардум аз ширинии суханони ман дар пӯсташон намеғунҷиданд. Ман тарсидам, ки таваҷҷуҳи халқ ба ман сабаби фитнаву фиреб бишавад. Аз Худованд хостам барои ин ки хушсуханӣ боиси лағзиши ман нашавад, ба ман бахшише кунад, ки аз ҳама ниҳон бошад.

пешина
аз 176
навбатӣ