Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Касе ба гил хӯрдан хӯ карда буд, ба бозор рафт, ки шакар бихарад. Фурӯшанда ба ҷойи санги тарозу гили саршӯ гузошт ва дар пайи шакар рафт. Харидор, ки ошиқи гилхӯрӣ буд, то чашми фурӯшандаро дур дид, аз он гил дуздиду муштоқона мехӯрд ва пеши худ мегуфт:
– Ин гил аз зару шакар ҳам беҳтар аст. Фурӯшанда зери чашм дид ва ӯ ҳам ба худ гуфт:
– Ту хаёл мекунӣ моли маро мехӯрӣ ё медуздӣ? Намедонӣ, ки ҳар чӣ бештар бихӯрӣ, шакари ту камтар мешавад.

Гар бидуздӣ в-аз гили ман мебарӣ,
Рав, ки ҳам аз паҳлуи худ мех(в)арӣ.

Ман, ки Сулаймонам, фиреби гил ва зарро намехӯрам. Шумо биравед ва ба малика Билқис бигӯед, ки тахту тоҷро раҳо кунад ва барои имон овардан ба Худои меҳрубон пеши ман биёяд. Даъвати ман аз Билқис барои шаҳват нест. Ман фиристодаи Худовандам ва шаҳваткушам.
Сулаймон (а) забони мурғонро ҳам медонист. Ба ҳар мурғе панде, ки муносиби ӯ буд, медод. Ӯ ҳама мурғони Саборо ба сӯйи хеш хонд. Билқис ҳам якбора аз шавқу имон саршор шуд. Аз сари подшоҳӣ ва мулку асбоб гузашт ва аз дилу ҷон ба Худованд рӯй овард.
Аммо бо ин ки аз ҳар чӣ дошт чашм пӯшад, наметавонист тахти худро фаромӯш кунад ва аз он дил биканад. Сулаймон (а) рози дили ӯро дарёфт ва орзуи ӯро донист, ба фикри чора афтод, ки чӣ гуна тахти ӯро аз шаҳри Сабо ба пойтахти худ биёварад. Деве, ки ҳозир ба фармон буд, гуфт:
– Агар иҷоза бидиҳӣ, то ту дар ин ҷо нишастаӣ, ман онро меоварам.
Осафи вазири Сулаймон (а), ки ӯ ҳам имони қавӣ дошту аз мардони Худои меҳрубон буд, гуфт:
– Ба кӯмаки Худованд ман онро дар як чашм ба ҳам задан аз Сабо ба ин ҷо хоҳам овард.
Малика Билқис, ки ҳоҷаташ ҳам бароварда шуда буд, барои дидори Сулаймон (а) ва пазириши дини ҳақ озими диёри Сулаймон (а) гардид. Ӯ дигар ба молу сарват, ҷоҳу ҷалол алоқае надошт. Дилбастагии ӯ бар тахт монанди шавқу завқи нависанда ба қалам ё ҳунарманд ба лавҳи корӣ буд. Тахт ҳам мӯниси Билқис буд ва то расидани ӯ ба назди Сулаймон (а) Осаф онро дар қасри ӯ (а) ҳозир кард. Сулаймон (а) гуфта буд:
– Бояд тахт зудтар аз Билқис расида бошад, чун ӯ дар ин ҳолат монанди кӯдакест, ки ба бозичааш ниёзманду дилхуш аст. Аммо ба зудӣ онро ҳам раҳо хоҳад кард ва якдилу якҷиҳат ба Худованд рӯй хоҳад овард.

пешина
аз 176
навбатӣ