Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Шуд сухан аз ман, дили хуш ёфтам,
Чун анор аз завқ мебишкофтам.
Гуфтам ар чизе набошад дар биҳишт
Ғайри ин шодӣ, ки дорам дар сиришт.
Ҳеч неъмат орзу н-ояд дигар,
З-ин напардозам ба ҷавзу найшакар.
Худованди бахшандаву меҳрубон дуои маро пазируфт ва фасоҳати сухани ман гум шуд, аммо дилам шодмон гардиду он қадар дилхуш шудам, ки бо худ мегуфтам:
– Агар дар биҳишт ҳам инчунин шодӣ дошта бошам, дигар гирди ҳуру қасрҳо нахоҳам гашт. Аз касбу кори пештараам чанд танга доштам, ки барои рӯзи мабодо дар остини ҷомаи худ дӯхта будам ва медонистам, ки дигар ба он ҳоҷат нахоҳам дошт.
Дар ин ҳол чашмам аз дур ба пирамарде афтод, ки боре аз ҳезум бар пушт дошт ва онро ба сахтӣ мекашид:
Он яке дарвеш ҳезум мекашид,
Хаставу монда зи беша даррасид.
Пас бигуфтам, ман зи рӯзӣ фориғам,
З-ин сабаб аз баҳри ризқам нест ғам.
Пеши худ гуфтам, ки ман бо ин ҳама мева дигар ғами рӯзӣ надорам. Беҳтар аст ин чанд тангаро ба ӯ диҳам, то каме хотираш аз ҷиҳати ба даст овардани рӯзӣ осуда шавад. Дар ин ҳол пирамард наздик шуду бори худро ба замин гузошт. Нигоҳе тунд ба ман афканду зери лаб чизе гуфт, ки ман нафаҳмидам, аммо танам аз ҳайбати нигоҳи ӯ ларзид.
Сӯйи ман омад ба ҳайбат ҳамчу шер,
Банди ҳезумро зи худ бинҳод зер.
Партави ҳоле, ки ӯ ҳезум ниҳод,
Ларза бар ҳар ҳафт узви ман фитод.
Он гоҳ даст ба осмон бардошту гуфт:
– Худоё, ба бахшише, ки ба хосони худ дорӣ, ин бори ҳезумро ба зар табдил кун!
Лутфи ту хоҳам, ки миногар шавад,
Ин замон ин банди ҳезум зар шавад.
Ҳанӯз сухани ӯ тамом нашуда буд, ки он ҳезум шохаҳои зар гардид ва ман аз дидани ин ҳол аз ҳуш рафтам. Чун чашм кушодам, пирамард боз даст ба дуо бардошту гуфт:
– Эй Худованд, ба ҳаққи онҳо, ки аз шуҳрат мегурезанд, ин тиллоҳоро ба ҳоли аввал баргардон!
Ва ман дидам, ки зарҳо дубора ҳезум шуданд. Пирамард бе он ки ба ман нигоҳ кунад, борро бар пушти худ ниҳоду ба сӯйи шаҳр равон шуд.
Хостам, то дар пайи он шаҳ равам,
Пурсам аз вай мушкилоту бишнавам.
Баста кард он ҳайбати ӯ мар маро,
Пеши хосон раҳ набошад оммаро.
Мехостам ба дунболи ӯ биравам ва мушкили худро дар миён ниҳаму посух бишнавам. Аммо ҳайбати ӯ маро бар ҷойи худ мехкӯб кард, натавонистам аз пайи вай биравам ва аз хоб бедор шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор