Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПОДШОҲУ ҒУЛОМИ ХУДХОҲ

Ғуломе, ки меҳри шоҳ ба ӯ хунук шуда буд, ба шоҳ номае навишт. Дар он нома калимаҳо пур аз эътироз ва кинаву нохушнудӣ буд. Ӯ намедонист, ки нома ба шоҳ бояд чӣ гуна бошад, мебоист онро чанд бор мехонд ва тавре менавишт, ки ба хонанда таъсири хуб расонида тавонад. Яке ба ӯ бояд мегуфт:

Гӯшае рав, номаро бикшо, бихон,
Бин, ки ҳарфаш ҳаст дархурди шаҳон?
Гар набошад дархур, онро пора кун,
Номаи дигар навису чора кун!

Одамӣ ҳар кор мекунад, бояд нахуст биандешад, ки чӣ мехоҳад ва чӣ бояд кунад. Агар ҷуволеро ба дӯш мекашӣ, хуб аст бидонӣ, ки даруни он чӣ аст. Агар сангу кулӯх аст, ба кашидан намеарзад. Нома ҳам бояд дорои нукоте бошад, ки бо ҳаққу воқеъ ҳамроҳ бошад, вагарна, агар бар пояи хашму худхоҳию зиёдаталабӣ бошад, кори ту пеш намеравад ва баҳрае нахоҳад бурд.
Фақеҳе саллаи бузурге бар сар дошт, ки дар миёни он куҳнаву жанда буд ва танҳо рӯкаши нав дошт. Барои ин мехост ҳар ҷо равад, мардум аз дидани саллааш ба эҳтирому ситоиши ӯ бипардозанд.

Зоҳири дастор чун ҳуллай биҳишт,
Чун мунофиқ андарун расвою зишт.

Бомдоде торику равшан салларо ба сар гузошту ба сӯйи мадраса равон шуд. Дар роҳ дузде дар гӯшаи торик камин карда буд. Чун чашмаш ба саллаи калони фақеҳ афтод, онро аз сари ӯ даррабуд ва рӯ ба гурез овард:

Дар раҳи торик марде ҷомакан
Мунтазир истода буд аз баҳри фан.
Даррабуд ӯ аз сараш дасторро,
Пас давон шуд, то бисозад корро.
Пас фақеҳаш бонг барзад, к-эй писар!
Боз кун дасторро, он гаҳ бибар.
Инчунин ки чорпарра мепарӣ,
Боз кун он ҳадяро, ки мебарӣ.
Боз кун онро, ба дасти худ бимол,
Онгаҳон хоҳӣ бибар, кардам ҳалол.
Чунки бозаш кард он ки мегурехт,
Сад ҳазорон жанда андар раҳ бирехт.

Фақеҳ фарёд зад:
– Эй мард, дуруст нигоҳ кун, ки чӣ медуздӣ. Тавре ки хаёл мекунӣ, он салла аз матои гаронбаҳо нест. Ҳамаи он жандапора ва куҳна аст. Онро боз кун ва агар арзиш дорад, бибар, ҳалоли ту бошад.
Дузд медавид ва латтапораҳо ба замин мерехтанд. Охири кор аз он саллаи калону бошукӯҳ ҷуз як газ матои камбаҳо чизе дар дасташ намонд.

пешина
аз 176
навбатӣ