Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Гӯянд рӯзе Баҳлул аз дарвеше пурсид:
– Чунӣ?
Гуфт:
– Чун аст ҳоли касе, ки ҳар чӣ мебинад, мехоҳад ва ҳар чӣ мехоҳад, мебинад?
Гуфт Баҳлул он яке дарвешро:
«Чунӣ, эй дарвеш? Воқиф кун маро».
Гуфт: «Чун бошад касе, ки ҷовидон
Бар муроди ӯ равад кори ҷаҳон?
Чун қазои Ҳақ ризои банда шуд,
Ҳукми ӯро бандаи хоҳанда шуд.
Одамӣ, ки тан ба ризои Ҳақ диҳад, ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ мерасад. Чунин касе имонаш барои ишқи биҳишт ё тарси ҷаҳаннам нест.
Баҳри Яздон мезияд, не баҳри ганҷ,
Баҳри Яздон мемурад, н-аз хавфу ранҷ.
ДОСТОНИ МАРДУМИ ШАҲРИ САБО ВА НОДОНИИ ОНҲО
Ёдам омад қиссаи аҳли Сабо,
К-аз дами аҳмақ сабошон шуд вабо.
Он Сабо монад ба шаҳри бас калон,
Дар фасона бишнавӣ аз кӯдакон.
Кӯдакон афсонаҳо меоваранд
Дарҷ дар афсонашон бас сирру панд.
Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,
Ганҷ меҷӯ дар ҳамай вайронаҳо.
Шаҳри Сабо як шаҳри афсонавие буд, монанди он чи дар афсонаҳои кӯдакон мехонанд. Дар афсонаҳои кӯдакон ҳарчанд шигифтангез ба назар ояд ҳам, дар онҳо панду андарзҳост. Шаҳри Саборо, гуфтаанд, ки бисёр бузург буд, вале ба андозаи як коса бештар набуд. Ва монанди пиёз давр дар давр сераҳолӣ буд, аммо беш аз се нафар роҳбари маънавӣ надошт. Яке аз он се нафар марде буд бисёр дурбин, вале кӯр, Сулаймонро намедид, аммо мӯрро медид. Дигар гӯши тез дошт, вале кар буд ва севумӣ бараҳнае буд, ки метарсид дузд домани куртаашро мебурад.
Як рӯз кӯр гуфт:
– Ман бинам ҷамоате ба сӯйи мо меоянд.
Кар гуфт:
– Садои пояшро мешунавам.
Бараҳна гуфт:
– Эй вой, ки доманамро хоҳанд бурд!
Пас аз тарс ҳар се гурехтанд ва ба деҳе расиданд. Дар он деҳа мурғеро диданд, ки аз захми уқобҳо заррае гӯшташ намонда буд. Онро хӯрданд ва ҳар се чун фил хурсанд шуданд. Бо ин ки ҳар як ба калонӣ мисли филе буданд, аз шикофи девор берун рафтанд.
Мавлавӣ мегӯяд, ки дар ин тамсил марди кар намунаи одамонест, ки орзуҳо доранд, марги дигаронро мебинанд ва ба марги худ намеандешанд.
Кӯр нишони одаме аст, ки аз айби худ бехабар аст, аммо айби дигаронро мӯ ба мӯ мешуморад. Бараҳна касе аст, ки дунёро дӯст медорад ва ҳамеша метарсад, нашаваду молашро бибаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор