Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ҳақиқат ин аст, ки мардуми шаҳри Сабо одамҳои баде буданд. Аз доноёну огоҳон мерамиданд. Худованд он қадар ба онҳо неъмат бахшида буд, ки ҳадду андоза надошт. Боғҳо хуррам буданд, дарахтон пур аз мева, сарвати фаровон, сагҳои он ҷо нони ширин мехӯрданд ва гургҳо сер буданд. Дар он ҷо дузд набуд ва гургон ба одамону гӯсфандон коре надоштанд. Ҳамин фаровонию хушӣ онҳоро бадахлоқу носипос карда буд. Сездаҳ пайғамбар аз сӯйи Худо ба он шаҳр омада ва ба мардум гуфта буданд:
– Бояд шукри ин ҳама неъмати Худоро бикунед. Онҳо ҷавоб доданд, ки мо аз ин ҳама хушию фаровониҳо хаставу дилгир шудаем.
Паёмбарон гуфтанд:
– Дилҳои шумо бемор шудааст, ҳамон тавр ки пурхӯрии зиёд ҳолро бад мекунад, афзоиши молу сарват ҳам дилро бемор месозад:

Анбиё гуфтанд: дар дил иллатест,
Ки аз он дар ҳақшиносӣ офатест.
Неъмат аз вай ҷумлагӣ иллат шавад,
Тӯъма дар бемор, кай қувват шавад?

Бо ин ҳама фиристодагони Худованд кӯшиданд онҳоро ба роҳи рост биёваранд ва дурустию некӯкорӣ биёмӯзанд. Аммо панду андарз асар надошт, чун аз хайрандешон ва некӯхоҳон бадашон меомад.
Паёмбарон гуфтанд:
– Бояд иллатро пайдо кард ва дармон намуд.

Дафъи иллат кун, чу иллат хав шавад,
Ҳар ҳадисе кӯҳна пешат, нав шавад.
То ки аз кӯҳна барорад барги нав,
Бишкуфонад куҳна сад хӯша зи гав.
Он табибони табиат дигаранд,
Ки ба дил аз роҳи набзе бингаранд.

Мардуми Сабо гуфтанд:
– Суханҳое, ки мегӯянд, далеле мехоҳад.
Ҷавоб шуниданд:
– Офтоб омад, далели офтоб!

Дар миёни рӯз гуфтан: «рӯз ку?»
Хеш расво кардан аст, эй рӯзҷӯ?

ДОСТОНИ МАРГИ БИЛОЛ

Чун Билол аз заъф шуд ҳамчун ҳилол,
Ранги марг афтод дар рӯйи Билол.

Билол, ки азонгӯйи Паёмбари акрам (с) буд, бемору ранҷур шуд. Ранги марг ба рӯяш нишаст. Ҳамсараш нолиду гуфт:
– Эй вой, марг ба суроғи ту меояд!
Билол гуфт:
– Хуш ба ҳоли ту, ки намедонӣ зиндагӣ чист. Чӣ донӣ пас аз марг чӣ ҷаҳоне интизори ту аст?
Гуфт:
– Ту меравӣ ва фарзандону хешонро мегузорӣ ва танҳо мешавӣ.
Билол гуфт:
– Хушо, ки ҷони ман аз зиндони тан раҳо мешавад.

Гуфт: «На на, балки имшаб ҷони ман
Мерасад худ аз ғарибӣ дар ватан».
Гуфт: «Рӯятро куҷо бинем мо?»
Гуфт: «Андар ҳалқаи хоси Худо.
Ҳалқаи хосаш ба ту пайвастааст,
Гар назар боло кунӣ, на сӯйи паст.

пешина
аз 176
навбатӣ