Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
ДОСТОНИ МАРДИ КӮР ВА ҚИРОАТИ ҚУРЪОН
Марди камбағале чанд рӯз меҳмони марди кӯре шуд. Дар хонааш Қуръоне диду дар шигифт шуд, ки ин мард кӯр аст ва тавоноии хондан надорад, чӣ ҳоҷат ба он дорад? Чанд бор хост аз дӯсташ бипурсад, ки аз Қуръон чӣ баҳрае мебарад? Вале худдорӣ кард, чун наметавонист беэҳтиромӣ кунад ё кори бемаъние анҷом бидиҳад.
Гуфтаанд, ки сабр калиди росткорӣ аст. Рӯзе Луқмони ҳаким пеши Довуд (а) пайғамбар рафт. Дид, ки ӯ оҳанро ҳалқа-ҳалқа мекунад ва онҳоро ба ҳам мепайвандад. Луқмон, ки аз зиреҳсозӣ чизе намедонист, мехост ҳикмати кори вайро бидонад. Аммо чун яқин дошт, ки Паёмбар кори беҳуда намекунад, нахост аз ӯ бипурсад, ки чӣ месозад. Лекин бар дилаш гузашт, ки сабр кунад, шояд бе пурсиш ба мақсад бирасад.
Боз бо худ гуфт: «Сабр авлотар аст,
Сабри то мақсуд зутар раҳбар аст».
Луқмон дар андеша буд, ки Довуд (а) зиреҳро тамом карду пӯшид ва ба Луқмон гуфт, ки дар ҷанг ин беҳтарин либос аст. Луқмон ҳам гуфт, ки либоси сабр ҳам некӯ аст, ки чун беҳтарин паноҳгоҳи инсон ҳангоми ғаму андӯҳ аст.
Гуфт Луқмон: «Сабр ҳам некӯ дамест,
Ки паноҳу дофеъи ҳар ҷо ғамест».
Сабрро бо ҳақ қарин кард, эй фалон,
Охири «Валаср»-ро огаҳ бихон.
Сад ҳазорон кимиё Ҳақ офарид,
Кимиёе ҳамчу сабр Одам надид.
Меҳмони он марди кӯр ҳам сабр кард, то ин ки рози соҳибхона ошкор шуд.
Нимашаб овози Қуръонро шунид,
Ҷаст аз хоб, он аҷоибро бидид.
Аз садои кӯр, ки Қуръон мехонд, бедор шуду дид, ки кӯр Қуръонро кушода, ангуштҳои худро рӯйи калимаҳо мекашад ва калимотро дуруст мехонад, гӯё чашми ӯ биност. Меҳмон гуфт:
– Ту чунон мехонӣ, ки гӯё кӯр нестӣ.
Гуфт: Эй гашта зи аҳли тан ҷудо,
Ин аҷаб медорӣ аз сунъи Худо?
Ман аз Худованд хостам, ки чун чашмам намебинад, ки ин ҳама хости Ӯст, ҳар гоҳ бихоҳам Қуръонро бихонам, чашмҳоямро ба рӯйи калимот бино кунад ва Парвардигор ҳам хоҳиши маро пазируфт. Шунидам, ки фармуд:
– Хости туро қабул кардам, чун худи ту ҳам ба қабули он умедвор будӣ ва биноии худро барои коре, ки хушнудии мо дар он аст, мехоҳӣ.
Аз он ҳангом то кунун, ҳар гоҳ ки ба хондани Қуръон мепардозам, нуре метобад ва чашмам калимотро ҷудо мекунад. Худое, ки бидуни дид ба ман тавоноии хондан медиҳад ва бечароғ рӯшноие ба ман мебахшад, ман дигар чӣ ғам дорам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор