Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Тамаъро аз хеш дур дор, то хушбахту осудахотир бошӣ. Шахси тамаъгар ҳамеша боташвишу нороҳат аст. Ҳар киро ва ҳар чиро менигарӣ, ба ботинаш диққат деҳ, на ба зоҳираш.

ДОСТОНИ ТИРАНДОЗ ВА САВОР

Саворе бо аслиҳаи фаровон болои аспе нишаста аз бешае мегузашт. Шикорчии тирандоз, ки дар беша буд, аз дур чашмаш ба ӯ афтод. Тарсид, ки агар ӯро бинад, ба он ҳама силоҳу аспи бодпо ӯро бикушад. Пас пешдастӣ карду зеҳи камонро кашид, то саворро бо тир бизанад. Савор мутаваҷҷеҳи ӯ шуду фарёд зад, ки даст нигоҳ дор. Аз ман натарс, агарчи мебинӣ саворам ва аслиҳа дорам, аммо бидон, ки ҳангоми ба кор бурдани онҳо аз пиразане камтару бедилтару камҷуръаттарам.
Тирандоз гуфт:
– Хуб шуд, ки худро шиносондӣ, вагарна ман аз тарси ту ночор будам даст ба тиру камон бибарам ва туро ғофилгир кунам.
Пӯшидани рахти ҷангу ба даст гирифтани аслиҳа кофӣ нест. Ба кор бурдани он ҷуръат мехоҳаду паҳлавонӣ. Бо аслиҳа касе Рустам намешавад.

ДОСТОНИ АЪРОБӢ ВА МАРДИ ДОНО

Арабе ду ҷуволи пур бори шутуре карда буд ва худ рӯйи онҳо нишаста, сафар мекард. Марди доное, ки пиёда мерафт, ҳамроҳи ӯ шуд ва барои кӯтоҳ кардани роҳ бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд. Пиёда аз савор пурсид, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Баъд пурсид, ки дар ҷуволҳо чист. Савор посух дод:
– Яке пур аз гандум асту дигаре пур аз рег.
Пиёда дар ҳайрат шуд, ки рег барои чӣ?
Савор гуфт:
– Барои ин ки ду тарафи бор баробарвазн шавад.
Доно гуфт:
– Метавонистӣ танҳо гандумҳоро дар ду ҷувол бирезӣ ва бе истифода аз регҳои беарзиш бори шутурро вазнин накунӣ, то ҳам осудатар биронӣ ва ҳам боркаши сабур аз вазни бори худ ба танг наояд.
Шутурсавор аз ақли он мард тааҷҷуб карду гуфт:
– Чӣ фикри хубу олиҷанобе!
Он гоҳ бо ҳайрат пурсид:
– Ту бо ин ҳушу дониш чаро пиёда сафар мекунӣ? Ва ба дилаш гузашт, ки ӯро ҳам пушти худ савор кунад.

«Инчунин ақлу кифоят, ки турост,
Ту вазирӣ ё шаҳӣ, баргӯй рост».
Гуфт: «Ин ҳар ду наям, аз омаам,
Бингар андар ҳолу андар ҷомаам».

Гуфт:
– Шутуру гов чандто дорӣ?
Гуфт:
– На гов дорам, на шутур.
Гуфт:
– Хонаву дуконат куҷост?

пешина
аз 176
навбатӣ