Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Кӯдаке падараш мурд. Ӯро ба гӯристон мебурданд ва дӯстону ошноён ҳам аз пушти тобут мерафтанд. Писарак гиря мекарду менолиду мегуфт:
– Эй падар, туро куҷо мебаранд? Мебаранд, ки дар гӯрат кунанд. Дар қабри торик, ки дар он на фарше ҳаст, на гилеме, на дар шаби торик чароғе рӯшан асту на ҳавое, на дар дораду на равзан. Аз хӯрок хабаре нест, ҳамсояе ҳам надорӣ, ки дар танҳоӣ ғамхори ту бошад.

Ҷисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кӯру кабуд?

Чунин хонаи бедару девор, берангу равған чаро бояд ҷойи ту бошад?
Кӯдак мегуфту мегирист.
Дар миёни ҳамроҳон Ҷӯҳӣ – далқаки маъруфи араб ва падараш ҳам буданд.
Ҷӯҳӣ, ки суханони писараки падармурдаро мешунид, рӯ ба падари худ карда гуфт:
– Накунад, ки ин мурдаро ба хонаи мо баранд. Падар гуфт:
– Эй нодон, ин чӣ сухан аст, ки мегӯйӣ?
Ҷӯҳӣ гуфт:
– Магар намешунавӣ, писараш чӣ мегӯяд? Ин нишонаҳо, ки аз гӯри падараш медиҳад, ҳама нишони хонаи мост, ки на дар дораду на равзан, на ҳавою на рӯшноӣ, бӯйи ғизое ҳам аз он намеояд.

Гуфт Ҷӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав».
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як,
Хонаи морост бетардиду шак.
На ҳасиру на чароғу на таом,
На дараш маъмуру на саҳну на бом.
З-ин намат доранд бар худ сад нишон,
Лек кай бинанд онро тоғиён?
Хонаи он дил, ки монад бе зиё
Аз шуои офтоби кибриё,
Тангу торик аст чун ҷони ҷуҳуд,
Бенаво аз завқи султони вадуд.
На дар он дил тофт нури офтоб,
На гушоди арсаву на фатҳи боб.

Мардуме ҳастанд, ки дар ҳасад хонаи дилашон чун гӯр тангу харобу торик аст. Гӯр хуштар аз чунин дил мар туро!

Гӯр хуштар аз чунин дил мар туро,
Охир аз гӯри дили худ бартар о.
Зиндаиву зиндазод, эй шӯхи шанг!
Дар намегирад туро з-ин гӯри танг?
Юсуфи вақтиву хуршеди само,
З-ин чаҳу зиндон барову рӯ намо.

ДОСТОНИ КӮДАКУ МАРДИ ФАРБЕҲ

Кӯдаке дар кӯчае мерафт. Марди безеби фарбеҳе аз пеши ӯ баромад. Кӯдак аз дидани ӯ тарсиду рангу рӯяш парид. Марди фарбеҳ гуфт:
– Эй кӯдаки зебо, аз ман матарс ва чунин пиндор, ки ман мард нестам. Ту метавонӣ бар сару китфи ман бинишинӣ ва қавл медиҳам, ки озоре набинӣ. Ба доира нигоҳ кун, ки садояш баланду ваҳмнок аст, аммо миёнаш холист. Нашунидаӣ, ки рӯбоҳе дар биёбон мерафт ва ба сайде бархӯрд. Дар камин нишасту наздик шуд, ки ӯро бигирад. Иттифоқан чашмаш ба табле афтод, ки ба дарахт баста буданд ва чун бод мевазид, шохаҳои дарахт бад-он мехӯрданд ва садоҳои воҳимадор аз он бармехост. Рӯбоҳ ба тамаи ҷуссаи бузурги табле сайдро раҳо карду ба сӯйи дарахт рафт ва ба қасди табл афтод. Аммо ҳамин ки пӯсти онро дарид, дарунашро холӣ дид ва ҷуз пӯсте чизе ба дасташ наомад.

пешина
аз 176
навбатӣ