Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Боз Расули Худо (с) ваъдаи оянда дод. Ҷамъе аз ёрони содадили Паёмбар равиши гуфтори ӯро написандиданд, ки хоҳиши пирону бузургони тозамусалмонро намепазирад. Ва яке аз ёрони вай ин нукта ба дилаш гузашт, ки пайғамбарамон бояд айбпӯшу богузашт бошад ва чаро ӯ хоҳиши онҳоро рад кардааст. Дар ин фикр буд, ки хобаш даррабуд. Дар хоб дид, ки дар он масҷиди нав саргин фаровон ҷамъ шуда, ахлотдон шуда, бӯйи баде аз ӯ паҳн мешавад. Аз бӯйи бад аз хоб бедор шуд:

Дарзамон дар рӯ фитоду мегирист,
К-эй Худо, инҳо нишони мункирист.

Он мард бовар ҳосил кард, ки Паёмбар (с) ҳақ доштааст, ки хоҳиши онҳоро қабул накунад, чунки аз нияти нопоки онҳо огоҳ шуда будааст.
Пас аз он Расули Худо (с) барои ёрони худ парда аз фикри нодурусту нопоки он гурӯҳ бардошт ва гуфт:
– Он мунофиқон мехостанд дар хонаи Худо мусалмононро гумроҳ кунанд ва аз ҳамдигар дур намоянд.
Баъд дастур дод, он масҷидро хароб карданду замини онро ахлотдон намуданд.

  • Лоба – сухани ниёзмандона, сухани хоҳиш, зорию тавалло.

ДОСТОНИ ПИРАМАРДИ БЕМОР ВА ТАБИБ

Пирамарде назди табиб рафту аз бемории бинӣ шикоят кард. Табиб гуфт:
– Ин беморӣ аз пирӣ аст.
Мард гуфт:
– Чашмам ҳам рӯ ба нобиноӣ аст.
Табиб гуфт:
– Он ҳам аз пирӣ аст.
Бемор гуфт:
– Пуштам ҳам дард мекунад.
Табиб гуфт:
– Он ҳам асари пирӣ аст.
Бемор гуфт:
– Ҳар чӣ мехӯрам, зуд ҳазм карда наметавонам.
Табиб гуфт:
– Заъфи меъда нишонаи пирӣ аст.
Бемор гуфт:
– Мисли ин ки дар рагҳоям хун дуруст намегардад.
Табиб

Гуфт: «Оре, инқитои дам бувад,
Чун расад пирӣ, дусад иллат бувад».

Бемор

Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардӯхтӣ?
Аз табибӣ ту ҳамин омӯхтӣ?
Эй мудаммағ, ақлат ин дониш надод,
Ки Худо ҳар дардро дармон ниҳод?

Табиб гуфт:
– Умри ту ба шаст расида. Ин хашму тундию бадзабонӣ ҳам ба иллати пирӣ аст. Вақте пир шудӣ, тан ранҷур мешавад ва тоби шунидани як сухани дуруст надорад. Он касоне, ки пирӣ ранҷашон намедиҳад, мардони ворастаи худопарастанд, ки аз берун пир ва аз дарун ҷавонанду дилашон ҳамеша бо Худост.

ДОСТОНИ ҶӮҲӢ ВА КӮДАКИ ПАДАРМУРДА

Кӯдаке дар пеши тобути падар
Зор менолиду бармекӯфт сар.

пешина
аз 176
навбатӣ