Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт:
– Надорам.
Гуфт:
– Пас ҳама сармояат пули нақд аст?
Гуфт:
– Пул ҳам надорам!

Побараҳна, танбараҳна медавам,
Ҳар кӣ ноне медиҳад, он ҷо равам.

Араб гуфт:
– Эй мард, аз ман дур шав! Ақлу дониши ту чӣ кор меояд? На хона дорӣ, на гов, на нону на уштур. Бори шутури ман як тараф рег бошад, як тараф гандум беҳтар аст, ки мисли ту нодори тиҳидаст ва рӯзгорам монанди ту хароб бошад. Доноӣ ва ҳуш бояд барои беҳбудии кори зиндагӣ бошад ва аз он ба худу ба дигарон баҳрае бирасад:

Фикр он бошад, ки бигшояд раҳе,
Роҳ он бошад, ки пеш ояд шаҳе.
Шоҳ он бошад, ки аз худ шаҳ бувад,
На ба махзанҳову лашкар шаҳ шавад.
То бимонад шоҳии ӯ сармадӣ*,
Ҳамчу иззи мулки дини аҳмадӣ.

ДОСТОНИ ИБРОҲИМИ АДҲАМ

Иброҳими Адҳам подшоҳи Балх буд. Ногаҳон нури Худо дар дили ӯ тобид. Даст аз подшоҳӣ кашид ва мулку шоҳиро раҳо кард. Дар пайи худошиносӣ ва хидмат ба мардум афтод. Рӯзе Иброҳим канори дарёе нишаста буд ва ҷомаи худро медӯхт. Яке аз шаҳриён, ки аз муридони ӯ буд, аз он ҷо мегузашт, чашмаш ба Иброҳим афтод. Пиёда шуд ва ба ӯ эҳтиром кард. Чун дид ҷома медӯзад, дар дил гуфт: Ин мард подшоҳиро раҳо карда ва акнун сӯзан нах мекунаду дарбеҳҳоро медӯзад:

Шайх воқиф гашт аз андешааш,
Шайх чун шер асту дилҳо бешааш.
Чун риҷову хавф дар дилҳо равон,
Нест махфӣ бар вай асрори ҷаҳон.
Дил нигаҳ доред, эй беҳосилон,
Дар ҳузури ҳазрати соҳибдилон.
Пеши аҳли тан адаб бар зоҳир аст,
Ки Худо з-эшон ниҳонро сотир аст.

Иброҳим аз андешаи он мард огоҳ шуд ва барои ин ки ӯро аз сирри худ ва наздиконаш ба Худо огоҳ созад, сӯзане, ки дар даст дошт, ба дарё андохт. Он гоҳ бо овози баланд сӯзанро садо зад, ки аз дарё берун биояд.

Шайх сӯзан зуд дар дарё фиканд,
Хост сӯзанро ба овози баланд.

Ногаҳон ҳазорон моҳӣ ҳар як сӯзане бар лаб рӯйи об омаданд.

Сар бароварданд аз дарёи Ҳақ,
Ки бигир, эй шайх, сӯзанҳои Ҳақ.

Шайх гуфт:
– Худои ман, сӯзани худамро мехоҳам, на сӯзанҳои зарринро!
Дар ин ҳангом моҳии дигаре аз миёни моҳиён сӯзани онро аз дарё берун кашид ва пеши ӯ гузошт. Пас аз ин ҳодиса Иброҳим рӯ ба он мард карду пурсид:

пешина
аз 176
навбатӣ