Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Кӯфт сӯфиро чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.

Сӯфии бечора кӯфтаю дармонда аз боғ берун омад. Боғбон, ҳамин ки аз кори дарвеш фориғ шуд, пеши он ду нафар омаду рӯ ба саййид карду гуфт:
– Ту шарм намедорӣ ба номи Паёмбари акрам (с) моли мардумро мехӯрӣ ва беиҷозат ба боғу хонаи мардум даст мезанӣ. Кӣ медонад, ки ту рост мегӯйӣ ва воқеан фарзанди Нӯҳ пайғамбарӣ:

Гуфт: «Эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?
Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад бад-ӯ,
Ту ба пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигӯ».

Ин мард, ки ин ҷост ҳокими шаръ асту фақеҳу олими дин. Боғ моли худи ӯст. Ҳақ дорад, ҳар чӣ мехоҳад, биканад.
Бо гуфтани ин ҷумла саййиди бадбахтро кӯфтан гирифт ва ӯро аз дари боғ берун кард. Марди мулло худро танҳо ёфт ва аз сарнавишти он ду нафар панд нагирифта, пиндошт, ки он чи боғбон мегӯяд, бовари ӯсту воқеан ӯро ҳокими шаръ ва соҳиби ҳақ медонад.
Боғбони доно, ки зарари ду танро кам карду худро бо мулло танҳо ёфт, бар сари ӯ дод зад, ки ин ҷо чӣ мекунӣ? Ту ҳокими шаръӣ ё молимардумхӯр?

Шуд аз ӯ фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!
Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.
Фатвият ин аст, эй бубридадаст,
К-андаройиву нагӯйӣ амр ҳаст?

Ин тавр шаръи Паёмбарро ба кор мебандӣ? Магар на дасти дуздро бояд бурид? Ҳар кас дуздӣ кунад, бояд дасташро бибуранд. Ту ҳокими шаръӣ, агар дуздӣ кунӣ, ҷазои ту чист?
Мулло, ки фиреби боғбонро хӯрда буд, гуфт:
– Ҳар чӣ ба сарам меояд, сазои ман аст.
Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Сазои ин ки дӯстони худро дар бадбахтӣ мепартояд, беҳтар аз ин нест.

Гуфт: «Ҳақ астат, бизан, дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид».

ДОСТОНИ ДАЛҚАКУ МУЛЛО

Масхарабозе зани фоҳишаро ба ҳамсарӣ гирифт. Муллое ӯро диду сарзаниш кард, ки чаро чунин ҳамсаре баргузидааст. Агар бо ӯ машварат карда буд, зане хубу ороста ва покдоман барои ӯ хостгорӣ мекард. Далқак* гуфт:

Гуфт: «Нӯҳ мастури Солеҳ хостам,
Қаҳба гаштанду зи ғам ман костам.

Эй мулло, ман то ба ҳол нуҳ зани рӯйпӯшидаю зоҳиран ороста ба занӣ гирифтаам. Ҳама ба бадкорӣ даст заданд, ҳоло ин якеро гирифтам, шояд дар рафтор шоиста барояд:

пешина
аз 176
навбатӣ