Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Ҳоли дурусте надорам, вале акнун ки ба дидори Расули Худо (с) расидаам, дилшод шудаам ва аз нохушии худ хушҳол ҳастам.
Паёмбар пурсид:
– Сабаби беморӣ чист?
Гуфт:
– Намедонам, аммо аз дарди пушт хоб надорам.
Ҳазрат фармуд:
– Шояд гуноҳе кардаӣ, ки ба ин рӯз расидаӣ?
Бемор гуфт:
– Ёдам нест, чӣ гуфта ва чӣ кардаам, шояд дидори шумо ҳофизаамро ёрӣ диҳад.
Ва ба фикр фурӯ рафт. Ногоҳ ёдаш омад, ки рӯзе ба дуо аз Худованд хостааст, ки сазои гуноҳони ӯро дар ҳамин ҷаҳон бидиҳад, ки пас аз марг дар ҷаҳони ҷовидон осуда бошад.
Ҳад надорад васфи ранҷи он ҷаҳон,
Саҳл бошад ранҷи дунё пеши он.
Чун ин дуо кардам, ногаҳон танам дард гирифт ва ба ин парешонӣ афтодам. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд:
Гуфт: «Ҳай-ҳай, ин дуъо дигар макун,
Бармакан ту хешро аз беху бун.
Ту чӣ тоқат дорӣ, эй мӯри нажанд,
Ки ниҳад бар ту чунон кӯҳи баланд?»
Ту бояд нияти нек кунӣ ва аз Худо хубӣ бихоҳӣ ё беҳтар аст ихтиёри худро ба Ӯ вогузорӣ, аз Ӯ бихоҳӣ, ҳар чӣ барои ту хуб аст, пеш оварад ва ҳар ду ҷаҳон туро хушнуду хушбахт кунаду бахшад. Беҳтарини дуо ин аст: «Худоё! Дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон ҳам ба мо хубию некӣ ато кун ва боқӣ бар уҳдаи Ӯст».
ДОСТОНИ СӮФӢ, САЙЙИДУ МУЛЛО ВА БОҒБОНИ ДОНО
Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.
Боғбоне дар боғи худ се марди ношиносеро дид, ки зери дарахт нишастаанд. Аз он се нафар яке сӯфӣ буд, яке саййид ва севумӣ мулло. Боғбон ба худ андешид:
Барнаёям як тана бо се нафар,
Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар,
Ҳар якеро ман ба сӯйе афганам,
Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.
Чун зӯраш ба ҳар се нафар намерасид, ба фикр афтод, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Пас сӯфиро пайи коре фиристоду ба муллою саййид гуфт:
– Ман намедонам, ин дарвеш бо чӣ ҳаққе бо шумо вориди боғи ман шудааст. Шумо ду тан, яке донишманду пешвои дину дигаре фарзанди Паёмбар ва ҳар кадом ҳақ доред аз меваҳои боғ бихӯреду бибаред. Аммо ин дарвеш бекор ва муфтхӯр аст. Далел надорад, ба ӯ иҷозат бидиҳам.
Он ду ҳарфи боғбонро писандиданд ва ба кори худ пардохтанд. Боғбон ба хотири осуда дунболи сӯфӣ рафту ӯро дашном дод, ки чаро бе иҷозат вориди боғ шудааст ва ба ӯ дарафтод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор