Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Онро барои чӣ мехоҳед?
Устод гуфт:
– Ман бо девонагон намемонам, вале имрӯз дар роҳ, ки меомадам, девонаеро дидам, ки ба ман нигарист ва лабханд зад:

Соате дар рӯйи ман хуш бингарид,
Чашмакам зад, остини ман дарид.
Гар на ҷинсиййат будӣ дар ман аз ӯ,
Кай рух овардӣ ба ман он зиштрӯ?
Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ?
Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ?
Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак
Дар миёншон ҳаст қадри муштарак.

Агар он девона дар ман нишони девонагӣ намедид, бо ман чунин муомила ва муносибати хуш намекард ва маро чун худ намепиндошт. Магар шунидаед, ки ҳакиме гуфт: Аз дур дидам, зоғе бо лаклаке дӯстона меравад. Дар шигифт шудам, ки онҳо ҳамҷинс нестанд, чӣ гуна дӯст шудаанд. Чун ба онҳо наздик шудам, дидам, ки пойи ҳар ду ланг аст ва ҳамин лангӣ дарди муштараки онҳост, ки онҳоро ба ҳам наздик кардааст.

Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,
То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.
Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,
Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг».

ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МУҲАММАД АЗ БЕМОР

Марде аз ёрони Паёмбари акрам (с) бемор шуд ва он ҳазрат ба пурсиши ҳолаш ба дидорбинӣ рафт. Дидорбинии бемор чанд фоида дорад. Яке ин ки ранҷурро дилхуш мекунад ва дӯстию муҳаббатро меафзояд. Дигар ин ки ба беҳбудии худ умедвор мегардад. Ҳоли бемор хуш набуд ва маргаш наздик менамуд. Дар ривоят аст, ки Боязид дар роҳи сафари ҳаҷ ба ҳар шаҳр, ки мерасид, аз дӯстон дидорбинӣ мекард. Рӯзе пиреро дид, ки нобино буд. Аммо дили равшану бедор дошт. Пир пурсид:
– Куҷо меравӣ?
Боязид гуфт:
– Азми Макка дорам.
Пир пурсид:
– Бо худ чӣ дорӣ?
Гуфт:
– Дусад дирам нуқра харҷи роҳ дорам.
Пир гуфт:
– Он пулро ба ман деҳ ва ҳафт бор гирди ман бигард. Тасаввур кун, ки ба Макка рафтаӣ. Чун зиёрати мардони Худо аз дидори Макка пеши Худованд писандидатар аст:

Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,
Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.
Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,
То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.
Чашм некӯ боз кун, дар ман нигар,
То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар».

Паёмбари акрам (с) ҳоли беморро пурсид.
Марди ранҷур гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ