Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Хостам ин қаҳбаро* бемаърифат,
То бибинам чун шавад ин оқибат.

  • Далқак – масхарабоз.

ДОСТОНИ ДОНОИ ХУДРО БА ДЕВОНАГӢ ЗАДА

Он яке мегуфт: «Хоҳам оқиле,
Машварат орам бад-ӯ дар мушкиле».
Он яке гуфташ, ки андар шаҳри мо,
Нест оқил, ҷуз ки он маҷнуннамо.

Касе доноеро меҷуст, ки бо ӯ дар боби кори мушкиле машварат кунаду гиреҳ аз кори худ бикушояд. Шахсе як мардеро ба ӯ нишон дод, ки монанди кӯдакон чӯбсаворӣ мекард.
Гуфт:
– Ин оташпораи шаҳри мост ва ман аз ӯ донотар касеро намедонам. Аммо дар ҳайрат машав, зеро бисёр доноён гумному ношиносанд ва чӣ басо, ки худро ба сурати мардумон ночизу нодон нишон медиҳанд. Одам бояд гавҳаршинос бошад ва бӯйи хушро аз бӯйи бади саргин бишносад.
Саг ба гадои кӯру жандапӯш ҳамла мекунад. Ӯ намефаҳмад, ки шояд ин гадо беҳтарини мардум бошад. Бисёр ҳастанд касоне, ки чашм доранду аз нодонӣ кӯранд.
Он мард ба сӯйи донои девонанамо рафту ӯро фарёд кард. Марди найсавор гуфт:
– Чӣ мехоҳӣ? Зуд бигӯ, вагарна аспам туро лагад хоҳад зад:

То лагад бар ту накӯбад, зуд бош,
Аз чӣ мепурсӣ: «Баёнаш кун ту фош».

Мард гуфт:
– Ман ба ин шаҳр омадаам, ки зан бигирам ва омадаам бо ту машварат кунам.
Гуфт:
– Дар ҷаҳон се гуна зан барои ҳамсарӣ вуҷуд дорад: яке тамом, яке ниматамом ва яке ҳеҷ. Он гоҳ савори чӯб шуду битохту рафт. Мард аз дунболи ӯ давид:

Шайх ронд андар миёни кӯдакон,
Бонг* зад бори дигар ӯро ҷавон.

Гуфт:
– Ба ман бигӯ, ки маънои суханони ту чист?
Гуфт:
– Он ки тамом аст, духтаре аст, ки шавҳар накарда ва ҳама вуҷудаш моли туст. Он ки ниматамом аст, зани бевае аст, ки шавҳар дошт ва он ки ҳеҷ аст, зане аст, ки шавҳар кардаю аз он фарзанд ҳам дорад, ҳамаи дилаш мутаваҷҷеҳи шавҳари гузашта ва фарзандони бепадари хеш аст.
Мард гуфт:
– Пурсиши дигар дорам. Ту дар ин шаҳр бо ин доноӣ чаро худро ба девонагӣ задаӣ?
Гуфт:
– Мардуми ин шаҳр мехостанд маро қозии шаҳр кунанд, барои ин ки напазирам, худро ба девонагӣ мезанам, ки аз ман даст кашанд. Агар дониш омӯхтаам, барои он нест, ки илм бифурӯшаму мақом пайдо кунам. Мехоҳам чашмам боз шаваду чашми дигаронро боз кунам, дилам шамъ шаваду дили дигаронро равшан кунам.

пешина
аз 176
навбатӣ