Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

– Оё ту аз илми наҳв хабаре дорӣ ва онро ёд гирифтаӣ?
Ӯ ҷавоб дод, ки ман корам киштибонӣ асту онро хуб медонам, илми наҳв ҳам нахондаам.
Донишманди забондон гуфт:
– Чун илми наҳв намедонӣ, ними умрат ба бод рафтааст:

Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло»,
Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано».
Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,
Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб.

Чанде нагузашт, ки дар баҳр тӯфоне шуду киштӣ ба гирдобе афтод. Киштибону ҳамкоронаш бо талошу кӯшиш дар садади наҷоти мусофирон ва ҷилавгирӣ аз ғарқи киштӣ буданд. Ҳар кас барои ҷони худ мекӯшид. Ногаҳон киштибон донишманди наҳвиро садо кард ва аз ӯ, ки аз тарси ҷон заҳракаф шуда буд, пурсид:
– Оё ту илми шиноварӣ медонӣ?
Наҳвӣ бо шармсорӣ гуфт:
– Не!
Киштибон гуфт:
– Эй донишманди гиромӣ, бо ин бало, ки гирди сари мо мегардад, ҳар кас илми шино надонад, ҳама умраш бар бод аст!

Бод киштиро ба гирдобе фиканд,
Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:
«Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ»,
Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрӯ!»
Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ, фаност,
З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост».
Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,
Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.
Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад
В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?

Ҳар кӣ худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон, дар рӯзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад.

ДОСТОНИ ШЕРИ БЕЁЛУ БЕДУМУ ШИКАМ

Дар шарҳи ҳоли аҳли Қазвин навиштаанд, ки одаташон чунон буд, ки бар бозу, пушт, сина ва шиками худ бо сӯзан задану рондани хуни зери пӯст нақшҳои гуногун мезаданд ва ин кор василаи худнамоӣ ва ифтихори онҳо будааст. Дар он шаҳр касоне буданд, ки дар ин кор маҳорат доштанду ҳар кас ҳар шаклу суратеро мехост, бар ҳар як аз аъзои бадани ӯ нақш мекарданд.
Як рӯз як қазвинӣ назди устоди сӯзанкор меравад ва аз ӯ мехоҳад, ки бар бозуяш шакле нақш кунад:

Гуфт: «Чӣ сурат занам, эй паҳлавон?»
Гуфт: «Барзан сурати шери жаён,
Толеам шер аст, нақши шер зан,
Ҷаҳд кун, ранги кабудӣ сер зан».

Устод пурсид:
– Ба куҷои баданат шер нақш кунам?

пешина
аз 176
навбатӣ