Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мард дилаш ба ҳоли зан сӯхту ба панди ӯ дар боби кӯшишу талош бештар ва ба даст овардани рӯзии гузарон беҳтар дил дод ва гуфт:

Мард гуфт: «Эй зан, пушаймон мешавам,
Гар будам кофир, мусулмон мешавам.
Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,
Бармакан якборагим аз беху бун».
Кофири пир ар пушаймон мешавад,
Чунки узр орад, мусулмон мешавад.

Мавлавӣ мегӯяд:
– Мӯсо (а) ва Фиръавн асири як ирода ҳастанд. Чунон ки заҳру позаҳр ва торикию нур аз як сарчашмаанд. Мӯсо (а) рӯзҳо аз Худо мехост, ки ӯро ба Фиръавн пирӯзӣ диҳад ва шабҳо Фиръавн дар хилват ба даргоҳи Худованд муноҷот мекард, ки ӯро назди мардумон саршикаста накунад ва аз Мӯсо (а) шикаст нахӯрад.
Марде ба занаш гуфт:
– Аз хилофати ту гузаштам ва ҳоло ту агар чизе медонӣ маро, раҳнамоӣ кун!
Зан гуфт:
– Ба ту пешниҳоде дорам. Ин обе, ки мо менӯшем, оби пок аст, ки дар ҳавои покизаи биёбон борид ва мо дар кӯза кардем. Дар Бағдод халифа нишастааст. Одаме аст бахшандаву саховатманд. Оби шаҳр нософ аст. Ба гумони ман, як кӯза обро назди вай бибар. Ӯ, ки марди сахию дасткушод аст, ба ту ҳадя хоҳад дод ва мо аз нодорӣ раҳо хоҳем шуд.
Мард кӯзаро дар намад печид ва ба Бағдод равон шуд. Рӯзҳо бодияро паймуд, ба Бағдод расид. Ба дари кохи халифа рафт. Нигаҳбонон ӯро пазироӣ карданд ва ба пеши халифа бурдандаш. Кӯзаи оби боронро ба халифа дод. Ӯ, ки медонист аъробӣ дар биёбон ҳаргиз оби равони гуворо нанӯшидааст, нахост хиҷолатзадаву шармандааш кунад. Аз дарёфти ҳадяи ӯ худро хурсанд нишон дод.
Дастур дод, кӯзаро пур аз зар карданд ва ба аъробӣ доданд, то ба диёри худ бозгардад. Ва фармуд, ки дар бозгашт аз канори рӯди Даҷла бибарандаш, ки оби равонро бинаду бифаҳмад, ки ҳадяи ӯ ночиз буда, аммо дар пешгоҳи халифа пазируфта шуда, подоши некӯкории худро низ дарёфтааст.

ДОСТОНИ ДОНИШМАНДИ ЗАБОНДОН ВА КИШТИБОН

Донишманде, ки забон медонисту кораш дастури забон дарс додан буд, ки ба арабӣ онро «илми наҳв» меноманд, ба киштӣ нишаст, то сафар кунад. Азбаски ба дониши худ мағрур буд, ҳар касро ба чашми камтар нигоҳ мекард. Дар киштие, ки савор шуд, ба киштибон бо такаббур гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ