Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Қазвинӣ гуфт:
– Бар шонаам, то ба ман нерӯ ва тавоноӣ дар бозу диҳад!

То шавад пуштам қавӣ дар разму базм
Бо чунин шери жаён дар азму ҷазм.

Устоди сӯзанкор оғоз ба кор намуду бо неши сӯзан, ки бо ранги кабуд бар пӯсти тани он мард фурӯ мебурд, ба тасвири шер пардохт. Аммо ҳамин ки паҳлавон неши сӯзанро эҳсос кард, ба дард тоқат наёварду пурсид:
– Куҷои шерро нақш кардан дорӣ?
Гуфт:
– Аз дум шурӯъ кардам.
Қазвинӣ гуфт:
– Шер бедум ҳам мешавад. Аз ҷойи дигар шурӯъ кун.

Шери бедум бош, гӯ, эй шерсоз!
Ки дилам сустӣ гирифт аз захми гоз.

Дубора ба маҳзи фурӯ бурдани сӯзан гуфт:
– Даст нигаҳ дор! Ин ҷо куҷои шер аст?
Ҷавоб шунид:
– Гӯши ӯ.
Гуфт:
– Бигузор ин шер бе гӯш бошад. Ҷойи дигар бипардоз!
Устод бори сеюм ба нақши шиками шер пардохт. Фарёди дардноки марди қазвинӣ баланд шуд, ки «чӣ мекунӣ?»

К-ин севум ҷониб чӣ андом аст низ?
Гуфт: «Ин аст ишками шери азиз».
Гуфт: «То ишкам набошад шерро,
Гашт афзун дард, кам зан захмҳо».
Хира шуд даллоку бас ҳайрон бимонд,
То ба дер ангушт дар дандон бимонд.
Бар замин зад сӯзан аз хашм устод,
Гуфт: «Дар олам касеро ин фитод?
Шери бедуму сару ишкам кӣ дид?
Инчунин шере Худо худ н-офарид».

Устоди сӯзанкор аз хашм қаламу сӯзани худ ба замин партофт ва гуфт:
– То кунун шери беёлу думу шикам кӣ дидааст?

ДОСТОНИ ШИКОРИ ШЕР ВА ГУРГУ РӮБОҲ

Шеру гургу рӯбаҳе баҳри шикор
Рафта буданд аз талаб дар кӯҳсор.

Ҳар се муддате дунболи шикор гаштанд. Бо талоши фаровон як гову як бузу як харгӯш шикор карданд ва танаи онҳоро ба бешае кашиданд. Дар миёни роҳ шер чунин пиндошт, ки гургу рӯбоҳ ба шикорҳо тамаъ кардаанд. Хост мизони вафодории онҳоро биёзмояд. Ҳамин ки ба ҷойи амне расиданд, шер ба гург гуфт: «Шикорҳоро қисмат кун!»
Гург гуфт:
– Гов саҳми шоҳ ва буз саҳми ман ва харгӯш ҳам барои рӯбоҳ бошад.
Шер аз ин ки гург худашро ҳамрадифи ӯ донист ва барои хеш саҳме гузоштааст, хашмгин шуду барҷаст ва сари гургро аз тан ҷудо кард. Он гоҳ ба рӯбоҳ гуфт:
– Ту шикорҳоро тақсим кун!
Рӯбоҳ, ки аз ҷудо шудани сари гург аз бадан панд гирифта буд, гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ