Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Гуфт: «Ман дар деҳ шунидам, он ки шоҳ
Зад мунодӣ бар сари ҳар шоҳроҳ.
Ки касе хоҳам, ки тозад то се рӯз
То Самарқанду диҳам ӯро кунуз.
Ганҷҳо бидҳам варо андар иваз,
Чун шавад ҳосил зи пайғомаш ғараз.
Ман шитобидам бари ту, баҳри он,
То бигӯям, ки надорам он тавон.
Инчунин чустӣ наёяд аз чу ман,
Боре ин уммедро бар ман матан!»
Шоҳ гуфт:
– Лаънат бод бар ту бо ин шитобу ҳаросат! Мардуми бечораи шаҳрро ба тарс андохтӣ. Ба дили ман ҳам шӯр афтод, ки ту чӣ хабаре оварда бошӣ? Кӣ аз ту хоста буд, ки ба Самарқанд биравӣ, ки бо чунин овозаю дарвоза барои он омадаӣ, ки ба ман хабари аз уҳдаи ин кор наомаданро бирасонӣ?
Вазири подшоҳ гуфт:
– Ман гумон мекунам, ки Далқак дар ҳақиқат мақсади дигаре доштааст ва чизи дигар ӯро бо ин қадар шитоб ба дарбор кашидааст. Аммо ҳоло аз изҳори он пушаймон шуда, барои ин ки аз шоҳ мақсадро бипӯшонад, дурӯғ мегӯяд. Вагарна одами доно ин қадар роҳро шитобон барои ҷавоби коре, ки аз ӯ нахостаанд ва ӯ наметавонад иҷро кунад, тай наменамояд. Бояд ӯро шиканҷа кунем, то ҳақиқатро бигӯяд.
Далқак ин суханро шунид, рангаш парид ва нолаву зорӣ кард:
Гуфт Далқак бо фиғону бо хурӯш:
«Соҳибо, дар хуни ин мискин макӯш.
Бас гумону ваҳм ояд дар замир,
К-он набошад ҳаққу содиқ, эй амир!
Шаҳ нагирад он, ки меранҷонадаш,
Аз чӣ гирам он, ки механдонадаш?»
Гуфти соҳиб пеши шаҳ ҷогир шуд,
Кошифи ин макру ин тазвир шуд.
Гуфт: «Далқакро сӯйи зиндон баред,
Чоплусу зарқи ӯро кам х(в)аред.
Далқак гирякунон мегуфт:
– Одамӣ иштибоҳ мекунад ва бо хаёлу ваҳму гумон ба назараш чизе мерасад. Дар ҳаққи ман гумони бад набояд бурд ва ман хаёли бад надоштам. Танҳо мехостам зудтар шоҳро аз нотавонии худ огоҳ созам.
Аммо шоҳ, ки аз кори масхарабоз сахт бесаранҷом шуда буд, панди вазирро қабул кард ва хост ба василаи ҷазо ҳақиқати хости Далқакро бифаҳмад. Бинобар ин гуфт, ки ӯро шиканҷа кунанд, то ба фикри аслии ӯ пай баранд ё ӯ ба гуноҳи худ иқрор шавад. Далқак аз шоҳ хоҳиш кард, ки ба ӯ муҳлат бидиҳад ва бесабаб хуни бегуноҳеро нарезад. Савганд хӯрд, ки ҷуз кори кардааш ва сухани гуфтааш ҳақиқатан хаёли дигаре надошт. Гуфт, ки ӯ асири дасти шоҳ аст ва ӯ ҳақ дорад ҳар балое хоҳад, ба сараш биёрад. Аммо беҳтар аст шитоб накунад ва пухтагӣ кунад, то бидонад, ки ман фармонбардори шоҳам ва қасди баде надоштаам. Агар гуноҳе карда бошам, вақт барои ҷазо ҳамеша ҳаст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор