Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Чораи дафъи бало набвад ситам,
Чора эҳсон бошаду авфу карам.
Шоҳ гуфт:
– Ҳар кор мавқеъ ва ҷое дорад. Некӯии нобаҷо асари бад бар ҷой хоҳад гузошт. Ҳамчунон ки адл чизе ҷуз анҷоми кори бамавқеъе нест ва зулму ситам баръакси он аст, яъне анҷоми коре дар ғайри мавқеъ ва нобаҷо.
Далқак гуфт:
– Ман намегӯям маро ҷазо надеҳ. Ман мегӯям шитоб накун ва бо сабру ҳавсала ба сухани ман гӯш деҳ, то хашми ту фурӯ нишинад. Он гоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун.
Ҳин, раҳи сабру тааннӣ дар мабанд,
Сабр кун, андеша мекун рӯз чанд.
Дар ин хел кору дар ҳар кори дигар сабру машварат пушаймонӣ намеоварад ва Худованд ҳам ба Паёмбари акрам (с) ҳамин дастурро додааст.
ДОСТОНИ МУШ ВА ЧАҒЗ
Як мушу як чағз* дар соҳили ҷӯйи обе бо ҳам вохӯрданд ва дӯст шуданд. Бо ҳам қарор доданд, ки дар вақти муайян дидорбинӣ кунанду аз дидори ҳамдигар шод шаванд.
Нарди дил бо ҳамдигар мебохтанд,
Аз васовис сина мепардохтанд.
Дар ин дидорбиниҳо дарди дил мегуфтанд ва қиссаҳо ҳикоят мекарданд, аз ҳар боб сухан меронданду хушу хуррам рӯзгор мегузарониданд.
Ҷӯши нутқ аз дил нишони дӯстист,
Бастагии нутқ аз беулфатист.
Дил, ки дилбар дид, кай гардад туруш,
Булбуле гул дид, кай монад хамуш?
Рӯзе муш ба чағз гуфт:
– Эй ёри гиромию доно, дили ман мехоҳад ҳамеша бо ту бошам ва ҳеҷ гоҳ аз бари ту дур нагардам. Аммо хонаи ман дар хушкӣ асту хонаи ту дар об. Ман ҳар гоҳ лаби ҷӯйи об биёям, туро овоз медиҳам, вале ту овози маро намешунавӣ.
Вақтҳо хоҳам, ки гӯям бо ту роз,
Ту даруни об дорӣ турктоз.
Бар лаби ҷӯ ман туро наъразанон,
Нашнавӣ дар об нолай ошиқон.
Чағз гуфт:
– Барои ҳамин ҳам мо вохӯриҳоро дар соату ҷойи муайян қарор додаем.
Аммо дили муш мехост, ки гоҳу бегоҳ, дам ба дам ба дидори ғук бишитобад.
Гуфт, к-эй ёри азизи меҳркор,
Ман надорам бе рухат як дам қарор.
Аз мурувват бошад ар шодам кунӣ,
Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ.
Ту дар шабонарӯз фақат ҳангоми нимарӯз вохӯрӣ қарор додаӣ ва ман тоби дурӣ аз ту надорам. Акнун ту, ки зираку доно ҳастӣ, чорае биандеш, ки ҳар вақт дилам танг шавад, ба ту дастрасӣ дошта бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор