Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Подшоҳи Тирмиз дар Самарқанд кори муҳимме дошт ва хост як нафарро ба он ҷо бифиристад, ки ӯ зуд бираваду кори ӯро анҷом дода баргардад. Барои ин кор фармон дод, ки дар шаҳр фарёд бизананд ва ҳар кас омода ба рафтан бошад, биёяд ва аспу тӯшаи раҳро бигирад. Ӯ далқаке дошт, ки ба деҳа рафта буд. Ҳамин ки ин хабарро шунид, савори асп шуда, бо шитоби тамом роҳи шаҳрро пеш гирифт.
Ҳамин ки ба шаҳр расид, ба дарбори шоҳ рафт ва бе таъхир ба ҳуҷраи ӯ расид. Мардумон, ки аз мунодии шоҳ хабари касеро ба Самарқанд фиристоданро шунида буданд, ҳоло бо шитоб вориди шаҳр шудани далқакро медиданд. Ӯ монанди касе, ки хабари муҳимме дорад ва аз сирри калоне огоҳ асту ба ҳеҷ кас сухан намегӯяд ва масъала он қадар аҳамият дорад, ки шоҳ ҳам ӯро бегуфтугӯ мепазирад. Бинобар ин, ҳама ҳаросону дилбагумон шуда, дар пайи донистани ин хабар ва дар интизори балое барои мардуми шаҳр шуданд. Аммо далқак бо ҳеч кас сухан намегуфт ва танҳо ба ҳузури шоҳ расидан мехост. Ӯ зуд-зуд нафас мекашид, ба подшоҳ гуфт:
– Иҷозат бидеҳ, нафасамро рост кунам ва сухан гуфтан битавонам. Охир ман фарсангҳо асп рондаам ва атрофи қаср давидаам, то суханамро ба ту бирасонам.

Баъди як соат, ки шоҳ аз ваҳму зан,
Талх гашташ ҳам гулӯву ҳам даҳан,
Ки надида буд далқакро чунин,
Ки аз ӯ хуштар набудаш ҳамнишин.

Шоҳ дар интизори сухан гуфтани далқак буд ва ба ёд меовард, ки ин мард ҳамеша бо суханҳои хандаовару корҳои шодиовар ӯро механдонд, то ҳол чунин чеҳраи дарҳаму ҳолати асроромез надошт. Ӯ ба ҳарос афтод, ки Худо накарда бошад, ки душмани деринаи ӯ подшоҳи Самарқанд ба Тирмиз лашкаркашӣ карда ва қасди гирифтани шаҳр дошта бошаду масхарабоз хабар шудааст ва зуд омадааст, ки шоҳро огоҳ кунад.

Гуфт: «Зутар бозгӯ, то ҳол чист?
Инчунин ошӯбу шӯри ту зи чист?»

Оқибат далқак овоз бароварду гуфт:
– Эй шоҳ, ман дар роҳ будам, шунидам, ки ҷорчии ту фармонатро дар кӯчаю бозорҳо эълон кард, ки ҳар кас битавонад серӯза то Самарқанд рафта расад ва нишондоди туро кор фармояд, ба ӯ аспу пул ва мукофот хоҳӣ дод. Ман бо шитоб худамро ба дарбор расонидам, то ба ту бигӯям, ки мунтазири ман набош, зеро ман қудрате надорам, ки чунин кореро ба ӯҳда гирам.

пешина
аз 176
навбатӣ