Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Қозӣ гуфт:
– Ин мард ҳоли мурдаро дорад. Аз заъфу нотавонӣ ба мурдагон мемонад, мурдаро наметавон ҷазо дод. Шояд ӯ аз нодорӣ ва дарвешӣ зору ранҷур шудааст. Бар ӯ наметавон ҳукми қонунро иҷро кард.
Сӯфӣ гуфт:
– Пас, ту раво мебинӣ, ки ӯ маро бегуноҳ бизанад ва аз ҷазо ҳам халос шавад?
Қозӣ гуфт:
– Ҳукми қонун ва шаръро бар тавоно раво медонанд, на бар касе, ки дар ҳоли мурдан аст.
Сипас аз сӯфӣ пурсид:
– Ту чӣ қадар пул дар киса дорӣ?
Сӯфӣ гуфт:
– Дору надори ман шаш дирам аст.
Қозӣ гуфт:
– Се дирамаш барои худ нигоҳ дор ва се дирами дигарро ба ин бемор бидеҳ, ки бо он дирамҳо нону обе пайдо кунад.
Дар миёни гуфтугӯйи қозию сӯфӣ чашми бемор ба паси гардани қозӣ афтод. Дарёфт, ки пушти гардани ӯ барои силӣ муносибтар аз пушти гардани сӯфӣ аст. Он гоҳ бо баҳонаи ин ки дар гӯши қозӣ сухане мегӯяд, ба ӯ наздик шуду силии сахте дар пушти гардани ӯ заду гуфт:
– Чун музди ҳар силӣ се дирам аст, он шаш дирамро ба ман бидиҳед, то пайи кори худ биравам.
Қозӣ аз кори кардаи ӯ хашмгин шуд, аммо сӯфӣ огоҳ кард, ки хоҳу нохоҳ ҳукми додаат қабул будааст. Бинобар ин, ҷуз ин ки он чӣ ба ман раво дидаӣ, ба худат ҳам раво дорӣ, чора надорӣ. Оё намедонӣ, ки дар чоҳи барои ман кандаат худат ҳам меафтӣ? Ин чӣ ҳукме буд, ки ту додӣ? Ба ҷойи ин ки дасти гунаҳгорро бибурӣ, ба ӯ се дирам додӣ. Акнун бояд ҳукми ботилатро бичашӣ!
Қозӣ гуфт:
– Бояд ба фармони Худованд хушнуд буд. Ҳар ғамею балое, ки мерасад, аз қазост ва рӯй турш набояд кард. Чӣ басо нороҳатӣ, ки поёни он роҳате ҳаст, аз паси гиря ханда ва баъд аз ғам шодӣ ояд. Ганҷ дар вайрона аст, чунон ки оби ҳаёт дар торикӣ аст.
Сӯфӣ гуфт:
– Акнун, ки медонем, ҳар чӣ ҳаст аз як сарчашма аст, пас, чаро яке фоида бурд ва дигаре зиён? Яке ҳушёр асту яке маст? Яке заҳр асту яке нӯш? Дар зарробхонаи Худо чаро як пул хуб асту яке дигар бад? Агар роҳ роҳи Худост, чаро яке рострав асту яке роҳзан?
Қозӣ гуфт:
– Ҳайрон машав, ки ин ҳама чунию чигунагии ихтилофу зиддият дар ҳақиқат кафи рӯйи дарёст. Худованди бузург дар зоти худ ва дар кори худ на зидде дорад, на мисле. Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳамин мавҷудотро Ӯ ҷомаи вуҷуд пӯшонидааст. Зид чӣ гуна зидди худро ба вуҷуд меорад? Балки зид аз зидди худ гурезон аст.

пешина
аз 176
навбатӣ