Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мар туро ҳар захм, к-ояд з-осмон,
Мунтазир мебош хилъат баъд аз он.

Сӯфӣ гуфт:
– Аҷаб мешуд, ки ин ҷаҳон пур аз осоишу раҳмат бошад: шаб чеҳраи рӯзро напӯшонад, таб тандурустиро аз миён набарад ва хазон сафои баҳорро ба дасти боди сард насупорад.
Қозӣ гуфт:
– Ту сӯфии нодон ҳастӣ ва намедонӣ, ки корҳои Худованд бе ҳикмат нестанд:

Гар набудӣ гӯшҳои ғайбгир,
Ваҳй н-овардӣ зи гардун як башир.

Ту қиссаи ҷомадӯзонро нашунидаӣ, ки чӣ гуна ҷомаҳои барои дӯхтан ба онҳо додашударо медузданд? Шабе ҷамоате ҷамъ буданд ва гуфтугӯ доштанд. Сухан ба кори либосдӯзон ва дуздии онҳо аз харидорони либосҳо расид. Сухан дар бораи ин буд, ки онҳо дар дуздӣ чунон устоданд, ки то ҳол касе банди дасти онҳоро ҳангоми дуздӣ нагирифтааст.
Турке, ки дар он ҷамъомад буд, гуфт:
– Ман дуздро дар ҳолати дуздӣ хоҳам дошт. Номдортарини дӯзандаҳои шаҳр кист?
Гуфтанд:
– Марде аст номаш Пури Шиш, ки ҳам дӯзандаи машҳур ва ҳам дузди қаҳҳор аст. Ҳеч кас то ҳол ӯро дар дуздӣ ба даст наовардааст, зеро ки дар ҳушёрию чолокӣ аз ҳама мегузаронад.
Турк гуфт:
– Ман гарав мебандам, ки либосе пеши ӯ мебарам ва ӯ наметавонад як тори онро бидуздад.
Қарор шуд, ки агар ӯ шартро бохт, аспи савории худашро ба ҳозирони ҷамъомад медиҳад ва агар бурд, як асп аз онҳо бигирад.
Бомдоди рӯзи дигар турк як либоси гаронбаҳоро хариду назди дӯзанда рафт. Пури Шиш ӯро дидан баробар аз ҷой бархост, салом карду бо гармию меҳрубонӣ ҳоли ӯро пурсид ва ба қадре таърифи ӯро кард, ки марди турк шефтаи ӯ шуд. Либосро доду гуфт, ки як либоси коромади ҳангоми ҷанг барои ӯ бидӯзад. Устод либосро гирифт ва саргарми андозагирӣ шуд. Дар ҳамон ҳол қиссаҳои хандаовар барои хушомади турк мегуфт, ба тавре ки аз шунидани он қиссаҳо марди турк ба ханда афтод, дӯзанда ҳамин ки чашмҳои танги турк бар асари ханда баста мешуданд, бо чобукӣ пораеро аз либос бурида, зери пой ва дар кисаҳои худ пинҳон мекард. Марди турк муштоқи шунидани қиссаҳои хандаовар шуд ва ғофил монд, ки дӯзандаи чолок бо ин ҳилаву найранг либоси ӯро медуздад. Дӯзанда чор пора аз либос дуздида буд ва боз турки нодон хоҳиши қиссагӯйӣ мекард, вале дили дӯзанда ба ҳоли нодонии ӯ сӯхт ва гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ