Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Табиб чун дарёфт, ки ин бемор дармон нахоҳад шуд, пеши худ гуфт:
– Худованд дар ин ҳолат дастур додааст, ки ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Чун бемор ба ҳар ҳол беҳбуд намеёбад, пас беҳтар аст, ки ҳар кори дӯстдоштаашро бикунад, то пурармон ҷон насупорад.
Беморро аз гуфтаҳои табиб хушаш омад ва ба сайёҳат рафт. Ба соҳили дарёчае расид, ки сӯфие худро покиза мекард. Сӯфӣ саргарми шустушӯ буд ва бемор пушти гардани ӯро дид, ки барои задан бисёр мувофиқ аст. Пас бар асоси гуфтаи табиб хоҳиши ба пушти гардани сӯфӣ силӣ задан дар ӯ пайдо шуд. Ӯ гумон мекард, ки агар ҳар чӣ дилаш мехоҳад накунад, бемориаш дармон нахоҳад ёфт. Бинобар ин, сӯфиро силие зад.

Бар ту ханданд, он ки гуфтаст ин давост,
Ӯст к-Одамро ба гандум раҳнамост.

Сӯфӣ баргашта ӯро дид ва дашноме доду хост бо мушт ба сари ӯ бикӯбад, лекин дид, ки бисёр нотавону бемор аст. Андешид, ки агар ӯро бизанад, хоҳад мурд ва хунаш ба гардани ӯ хоҳад афтод. Он гоҳ қозӣ ӯро ба қасос хоҳад кушт.
Мардумон дар пайи озори якдигаранд ва намедонанд, ки ҳар чизеро ба дигаре раво медонанд, ба худашон бармегардад. Ту, ки ба бегуноҳе силии пасигарданӣ мезанӣ, аз бар сари худат омадани ҳамон бало ғофилӣ. Пеш аз ин ки амали ноҳақе кунӣ, поёни онро пеши чашм бояд биёварӣ.

Аввали саф бар касе монад ба ком,
К-ӯ нагирад дона, бинад банди дом.
Ҳаббазо ду чашми поёнбини род,
Ки нигаҳ доранд танро аз фасод.
Гар ҳамехоҳӣ саломат аз зарар,
Чашм з-аввал банду поёнро нигар.

Сӯфӣ пеши худ гуфт:
– Ба як силии пуштигарданӣ сарамро ба бод нахоҳам дод. Беҳтар аст, ӯро назди қозӣ бибарам, зеро ӯ тарозуи адлу дод аст.

Дев дар шиша кунад афсуни ӯ,
Фитнаҳо сокин кунад қонуни ӯ.

Пас, марди беморро пеши қозӣ бурд ва саргузаштро боз гуфт. Аз ӯ хост, ки ҳукм ба ҳақ кунад ва ӯро, ки бе гуноҳ силӣ задааст, ҷазо диҳад.
Гуфт:
– Агар қозӣ ӯро чӯб бизанад ва ӯ бимирад, бар қозӣ товон ҳам нест ва қасос ҳам надорад, зеро қозӣ фармони Худоро бар гунаҳгорон иҷро мекунад. Вале агар падаре писарашро бизанад ва ӯ бимирад, бояд товон бидиҳад, чунки барои хотири худаш ин корро кардааст. Аммо агар омӯзгор шогирдро танбеҳ кунад, ӯ товон намедиҳад, зеро ки муаллим барои парваришу тарбият танбеҳ мекунад, на аз рӯйи ҳавою ҳавас ё хашму ғазаб.

пешина
аз 176
навбатӣ