Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дигарон монанди кӯдаконанд. Чанд рӯз ба бозии зиндагӣ машғулу хушнуд ё ғамгин. Воқеан, кор касе дорад, ки ба дунболи Ҳақ асту ба сӯйи Ӯ менигарад ва барои кори Худованди бузург аз ҳар кори дигар рӯй мегардонад.

ДОСТОНИ ДИЛДОДАИ ХОБОЛУД ВА ДИЛДОРИ Ӯ

Ошиқе будаст дар айёми пеш,
Посбони аҳд андар аҳди хеш.
Солҳо дар банди васли моҳи худ,
Шоҳмоту моти шоҳаншоҳи худ.

Дар рӯзгори пешин дилдодае будааст, сахт пойбанди қавлу қарори хеш. Солҳо дар пайи дилдор гашта, аз ҷустуҷӯ ва орзуи пайванди ӯ ҳеҷ гоҳ навмед намешудааст.

Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад,
Ки фараҷ аз сабр зоянда бувад.

То ин ки рӯзе дилдораш ба ӯ гуфт, ки имшаб пеши ту хоҳам омад. Дар фалон соат, дар фалон хона дар интизори ман бинишин ва то омадани ман бедор бош!

Дар фалон ҳуҷра нишин то ними шаб,
То биёбам ними шаб ман бе талаб.

Дилдода ба шунидани ин ваъда аз шодӣ пар баровард. Назрҳои худро адо карда, гуруснаҳоро сер намуда, ҳоҷати эҳтиёҷмандонро баровард. Чунонки қарор шуда буд, дар ваъдагоҳ чашм дар интизори дилдораш нишаст, то биояд ва ба аҳди худ вафо кунад. Аммо ӯро хоб даррабуд ва ними шаб, вақте ки ёраш шодон аз дар даромад, ӯро дар хоби сахт, бехабар ва бепарво аз дилдору дилдодагӣ дарёфт.

Ошиқи худро фитода, хуфта дид,
Андаке аз остин ӯро дарид.
Гирдаконе* чанд андар ҷайб кард,
Ки ту тифлӣ, гир ин, мебоз нард.

Дилдор ба нишони вафо ба ваъда ва ба дидор омаданаш ва дар хоб будани ӯ, аз остини ӯ андаке бурида, ба кинояи ин ки ту ҳанӯз кӯдак будаӣ ва қадри ишқро то ҳол намедонӣ, вагарна хобро бар интизори дидор бартар намедонистӣ, чанд дона чормағзро дар кисааш гузошту рафт. Ошиқ наздики субҳ аз хоб бедор шуд. Остинашро даридаю кисаашро пур аз чормағз ёфт. Аз нокомии хеш огаҳ шуд.
Гуфт:
– Дилдодаи ман ваъдаи худро фаромӯш накард ва аз рӯйи вафодорӣ дар ваъдагоҳ ҳозир шуд, вале мани шӯрбахти бечора дар хоб мондам.

Гуфт: «Шоҳи мо ҳама сидқу вафост,
Он чи бар мо мерасад, он ҳам зи мост».

Аз сустию ғафлати хеш нолон шуду гуфт:
– Аз мост, ки бар мост. Ҳар чӣ ба сари ман ояд, аз нодонию бадбахтии худам аст. Ишқ бо ақл созгор нест.

пешина
аз 176
навбатӣ