Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Баъд аз ин аз ҳама гузашт хоҳам кард ва ба хӯрду хӯрок машғул намешавам, то ин ки хушбахтии ба сӯйи ман омадаро аз даст надиҳам.
Ҳар чӣ ғайри шӯришу девонагист,
Андар ин раҳ дуриву бегонагист.
Ишқу номус, эй бародар, рост нест,
Бар дари номус, эй ошиқ, маист.
Вақти он омад, ки ман урён шавам,
Нақш бигзорам, саросар ҷон шавам.
Ҳин, гулӯи сабр гиру мефишор,
То хунук гардад дили ишқ, эй савор!
То насӯзам, кай хунук гардад дилаш?
Хуш бисӯз ин хонаро, эй шери маст,
Хонаи ошиқ чунин авлотар аст.
Хобро бигзор имшаб, эй падар,
Як шабе бар кӯйи бехобон гузар.
Гар ду олам пур шавад сармасти ёр,
Ҷумла як бошанду он як нест хор.
- Гирдакон – чормағз.
ДОСТОНИ САРДОРИ ТУРК ВА МУТРИБИ Ӯ
Сардори турке нимашаб аз хоб бедор шуд. Ӯ дар ҳоли хумор буд. Дастур дод, ки ҳофизе ва занеро ба ҳузури ӯ биёваранд, то аз хумори шароби шаб нӯшидааш раҳо ёбад. Мутриб муниси ҷони мастон аст ва мастии мастон дар канори ӯ дучандон мешавад:
Мутриби ҷон мӯниси мастон бувад,
Нақлу қуту қуввати маст он бувад.
Мутриби эшон сӯйи мастӣ кашид,
Боз мастӣ аз дами мутриб чашид.
Шароби Ҳақ мастро ба маҷлиси тараб мебарад ва тан аз ин шароб ҳоли хешро пайдо мекунад. Мастии тану мастии ҷон дар лафз бо ҳам монанданд. Ҳамин шабоҳати лафз инсонро ба иштибоҳ меандозад. Монанди ин ки кофиру муъмин дар тан ба ҳам монанданду дар кору амал ва ибодат тафовут доранд. Ҷисми одамӣ мисли кӯзаи сарбаста аст. То сари онро боз накунӣ ва ба даруни он нанигарӣ, чизи дохили онро нахоҳӣ донист.
Ҷисмҳо чун кӯзаҳои бастасар,
То ки дар он кӯза чӣ бвад? Он нигар.
Кӯзаи он тан пур аз оби ҳаёт,
Кӯзаи ин тан пур аз заҳри мамот.
Лафз монанди ҷисм аст ва ҷисмҳо бо ҳам шабеҳанд, аммо маънӣ, ки дар дарун аст, ба ҷон мемонад. Маснавии ман ҳам ҳамин тавр аст. Сураташ гумроҳкунанда аст ва маънояш раҳнамову раҳонанда. Паёмбари акрам (с) дар бораи Қуръони карим мегӯяд:
– Ин китоб дар дилҳо асар мекунад, ғайр аз ин ки гурӯҳеро роҳбар асту гурӯҳеро таъсир надорад.
Кӯре ба хонаи Расули Худо (с) омаду гуфт:
– Эй, ки ҳоҷати ҳамаро мебарорӣ, маро ҳам дарёб!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор