Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мард гуфт:
– Ту заруратро худат муайян мекунӣ. Магар намедонӣ, ки хӯрдани моли ятим чӣ зиёне дорад?
Мурғ андаке ба худ фурӯ рафт, аммо оқибат ҳирсу тамаъ бар ӯ дастболо шуду ба хӯрдани донаҳои гандум пардохт. Хӯрдан ҳамон буду гирифтори дом шудан ҳамон. Дар он ҳол ба нолидану дуо хондан оғоз кард ва намедонист, ки дуо баъди харобшавии шаҳри Басра суд надорад. Дуоро пеш аз хӯрдану гирифтор шудан боистӣ хонд ва бар гуруснагӣ сабр бояд кард, то гирифтори дом нашавӣ!

Он замон ки дев мешуд роҳзан,
Он замон бояст «Ёсин» хондан.

Посбоне шаб ба хоб рафт. Дуздон омада корвонро ғорат карданду моли мардумро бурданд. Бомдод соҳибони мол омаданд ва диданд, ки шутурон бо борҳо нопадид шудаанд. Посбонро ҷанҷол карданд, ки чӣ ҳодиса шуд?
Гуфт:
– Дуздони ниқобдор корвонро бурданд.
Ба ӯ гуфтанд:
– Ту магар санг будӣ? Чаро пеши роҳи онҳоро нагирифтӣ?
Гуфт:
– Шумори онҳо зиёд буд ва ман танҳо.
Гуфтанд:
– Агар ҷанг наметавонистӣ, чаро фарёду ҳаёҳу накардӣ, ки бедор шавем?
Гуфт:
– Шамшер кашиданд, ки агар фарёд кунӣ, туро мекушем. Он гоҳ ман аз тарс хомӯш шудам. Акнун ҳар қадар мехоҳед, фарёд мекашам.
Мурғ гуфт:
– Ин оқибати касе аст, ки фиреби зоҳидонро бихӯрад!
Зоҳид гуфт:
– На, ин сазои касе аст, ки моли ятимро бихӯрад!
Мурғ ба нола афтод. Чунон зорӣ кард, ки дили шикорчию бандҳои доми ӯ ҳам ба ларза омаданд. Дар ин ҳолати бехудӣ мурғи фиребхӯрда бо Худо розу ниёз мекарду мегуфт:

К-аз таноқузҳои дил пуштам шикаст,
Бар сарам ҷоно, биё, мемол даст.
Зери дасти ту сарамро роҳатест,
Дасти ту дар шукрбахшӣ оятест.
Сояи худ аз сари ман бармадор,
Беқарорам, беқарорам, беқарор.
Эй зи ту вайрон дукону манзилам,
Чун нанолам? Чун бияфшорӣ дилам.
Ҷони ман бистон, туӣ ҷонро усул,
З-он ки бе ту гаштаам аз ҷон малул.
Ошиқам ман бар фани девонагӣ,
Серам аз фарҳангиву фарзонагӣ.

Он гоҳ нолон гуфт:
– Дигар корам ба ҷое расидааст, ки бояд пардаи шармро бидарам ва он чи дар дилам ҳаст, ошкоро бигӯям.
Ҳар мавҷуде дар ҷаҳон ба чизе дилбастагӣ дорад ва бад-он қарор ёфтааст, вале:

Кор ӯ дорад, ки Ҳақро шуд мурид,
Баҳри кори Ӯ зи ҳар коре бурид.

пешина
аз 176
навбатӣ