Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Рӯ ба хок орем, к-аз вай рустаем,
Дил чаро дар бевафоён бастаем?
Ними умр аз орзуи дилситон,
Ними умр аз ғуссаҳои душманон.
Як шахс гӯсфандеро ба ресмон баста, аз паси худ мекашид. Дузде расиду ресмонро бурид ва гӯсфандро бурд. Вақте ки мард аз дуздида шудани гӯсфанд огоҳ шуд, дар ҷустуҷӯйи он пас гашт. Ба ҳар сӯ мегашту пурсуҷӯ мекард. Касеро бар сари чоҳ дид, ки сарашро бар замин мезанаду зорӣ мекунад. Ӯ дузди гӯсфанд буд, вале мард ӯро намешинохт. Мард аз дузд пурсон шуд, ки чаро менолад ва чунин парешон аст. Дузд гуфт:
– Ҳамёни зарам, ки дар он панҷсад динор буд, дар ин чоҳ афтод. Агар ту онро аз чоҳ берун оварӣ, панҷяки онро ба ту медиҳам.
Мард худ ба худ гуфт:
– Сад динор баҳои даҳ гӯсфанд аст. Агар дузде гӯсфандамро бурд, Худованд ба ҷойи он баҳои даҳ гӯсфанд ба ман мерасонад:
Ҷомаҳо барканду андар чоҳ рафт,
Ҷомаҳоро бурд ҳам он дузд тафт.
Либосҳояшро кашиду ба чоҳ даромад, ҳар қадар ҷуст, кисаи зарро наёфт. Аз чоҳ берун омад, дид на либос ҳасту на аз он мард асаре пайдост.
Ӯ яке дузд аст фитнасирате,
Чун хаёл ӯро ба ҳар дам сурате.
Кас надонад макри ӯ илло Худо,
Дар Худо бигрезу вораҳ з-он дағо.
Мурғ гуфт:
– Эй мард, аз танҳошинӣ бипарҳез, зеро агар мусалмонӣ бояд бидонӣ, ки дар дини ислом гӯшанишинӣ раво нест. Намози ҷумъаро барқарор кардаанд, ки ҳама бо ҳам гирд оянд ва якдигарро ба некӣ панд диҳанду аз бадӣ бипарҳезанд. Гӯшанишинӣ дар дини Исо (а) аст, на дар дини Муҳаммади Мустафо (с).
Мард гуфт:
– Ҳамнишинӣ бо мардуми доноро воҷиб кардаанд, аммо бештари мардум авоманду нодон ва дар ҳукми сангу кулӯх. Бо чунин касон набояд шиштухез кард, зеро ин гуна мардум аз кулӯху санг бадтаранд. Кулӯху санг ба касе озор намерасонанд, вале нодонҳо ҳазорҳо офат доранд.
Худ кулӯху санг касро раҳ назад,
З-ин кулӯхон сад ҳазор офат расад.
Пас аз ин гуфтушунид мурғ аз мард пурсид:
– Ин донаҳои гандум моли кистанд?
Мард гуфт:
– Моли ятими бесарпарасте ҳастанд ва назди ман амонат гузоштааст.
Мурғ гуфт:
– Ман гурусна ва дармондаам. Дар ҳолати ман мурдор ҳам барои ман ҳалол аст. Ту ба ман ёрӣ расон ва иҷозат бидеҳ, эй амини муҳтарам, ки ман чанд донаки онҳоро бихӯрам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор