Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Чун ман ҷанг накардаам ва душманро нашикастаам, ҳақ надорам чизе ғанимат гирам.
Лашкариён гуфтанд:
– Мо аз душман асири бисёр гирифтаем, якеро дастбаста ба ту медиҳем, ӯро бикуш, то дар савоб шарик бошӣ.
Сӯфӣ аз ин пешниҳод хушнуд шуд ва шамшер бардошту асирро аз хайма берун бурд, то ки ӯро бикушад. Чун баргашташ дароз кашид, як нафарро аз пушти ӯ фиристоданд. Он мард ӯро дид, ки дар гӯшае афтода ва асири дастбаста гулӯи ӯро бо дандон мегазад ва сӯфӣ аз ҳуш рафтааст. Дигаронро хабар кард, онҳо омада асирро ҷудо карданд ва ба рӯяш гулоб пошиданд, то ба ҳол омад. Аз ӯ пурсиданд:
– Чӣ шуд, ки асири дастбастаро натавонистӣ куштан ва ӯ туро ба замин хобонид?
Сӯфӣ гуфт:
– Ҳангоме ки хостам бо шамшер сарашро аз тан ҷудо кунам, нигоҳи тунду тезе ба ман андохт, ки ман аз тарс беҳуш шудам.
Гуфт: «Чун қасди сараш кардам ба хашм,
Турфа дар ман бингарид он шӯхчашм.
Чашмро во карду паҳн ӯ сӯйи ман
Чашм гардониду шуд ҳушам зи тан.
Гардиши чашмаш маро лашкар намуд,
Ман надонам гуфт чун пурҳавл буд?
Қисса кӯтаҳ кун, к-аз он чашм инчунин
Рафтам аз худ, уфтодам бар замин».
Лашкариён гуфтанд:
– Ту бо ин дилу заҳра мехостӣ ҷанг ҳам бикунӣ? Ҷанг кори шерони нар аст, ки аз дидани тани бесару хуни рехта бар хок ҳарос надоранд:
Инчунин ҳуше, ки аз муше парид,
Андар он саф теғ чун хоҳад кашид?
Кори ҳар нозукдиле набвад қитол,
Ки гурезад аз хаёле чун хаёл.
Аз дасти ҳар нозукдиле ҷанг кардан барнамеояд. Кори яке хона нишастан асту кори мардони нотарс ҷангидан.
ДОСТОНИ ШИКОРЧӢ ВА МУРҒИ ЗИРАК
Рафт мурғе дар миёни марғзор,
Буд он ҷо дом аз баҳри шикор.
Мурғе ба марғзоре, ки дар он ҷо шикорчӣ дом гузошта буд, расид. Дар он ҷо чанд дона дар рӯйи замин хобида буд. Ин донаҳоро шикорчӣ партофта, худ зери баргу гиёҳҳо пинҳон шуда буд, ки сайдро фиреб бидиҳад. Мурғ ӯро дид ва ба сӯяш рафта пурсид:
– Ту кистӣ, ки либоси сабз пӯшидаю миёни гиёҳони сабз нишастаӣ?
Гуфт ӯро: «Кистӣ ту, сабзпӯш,
Дар биёбон, дар миёни ин вуҳуш?»
Мард гуфт:
– Ман як марди зоҳиду гӯшанишинам, ки аз кори дунё худро буридаам. Чун маргро ҳамсояи худ дарёфтаам, зеро одамӣ оқибатуламр хоҳад мурд ва танҳо дар гӯр хоҳад хуфт, беҳтар аст, ки аз ҳамроҳнишинӣ бо дигарон бипарҳезам ва худро аз офати пайвастагӣ бо онҳо бираҳонам. Аз ин ҷиҳат ман дар саҳро хилвату танҳоиро интихоб кардаам. Чӣ медонам, ними умрро дар орзуи дӯст гузаронидам ва ними дигареро дар ғуссаи душманон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор