Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Он гоҳ либосҳои худро пӯшиду ба роҳ афтод. Бо худ мегуфт:
– Хушии роҳи сафар сабаби дермонӣ ва дарозкашии сафар аст.
Зан, ки аз гуфтаи худ пушаймон шуда буд, гуфт:
– Ман шӯхӣ кардам, марҳамат, бимон ва нарав.
Аммо меҳмон хоҳиши ӯро қабул накард ва ба роҳ баромад. Мерафт ва гӯё шамъе пеши пойи ӯро равшан мекард ва торикиро аз миён мебурд.
Соҳибхона ва занаш марди Худо будани ӯро донистанд ва аз ин ки ӯ дар хонаи онҳо наистод, нороҳат шуда буданд. Онҳо бовар ҳосил карданд, ки меҳмон аз ёрони Хоҷаи Хизр будааст ва дар хаёлашон мешуниданд, ки он мард мегуфт:
– Ман аз ёрони Хоҷаи Хизр будам ва агар ҳама шаб дар хонаи шумо мехуфтам, ба шумо садҳо ганҷ медодам. Аммо афсӯс, ки рӯзии шумо набудааст.
Фикр дар сари одамӣ монанди меҳмон аст. Фикр хоҳ ғам оварад, хоҳ шодӣ, бояд онро гиромӣ дошт, зеро агар ғам набошад, шодӣ шинохта намешавад:
Фикри ғам гар роҳи шодӣ мезанад,
Корсозиҳои шодӣ мекунад.
Хона мерӯбад ба тундӣ ӯ зи ғайр,
То дарояд шодии нав з-асли хайр.
Мефишонад барги зард аз шохи дил,
То бирӯяд барги сабзи муттасил.
Меканад бехи сурури куҳнаро,
То хиромад завқи нав аз моваро.
Ғам канад бехи кажи пӯсидаро,
То намояд бехи рӯпӯшидаро.
Ғам зи дил ҳар чӣ бирезад, ё барад,
Дар иваз ҳаққо, ки беҳтар оварад.
Паёмбари Худо – Айюб (а) ҳафт сол бо хушнудӣ дар балоҳои бешумор тоқат кард ва ҳаргиз нохушнудӣ нишон надод. Ӯ медонист, ки агар абри тира осмонро напӯшад, барқ назанад ва раъд нағурраду борон наборад, замин сарсабз нахоҳад шуд, дарахтон шукуфа нахоҳанд овард, рӯйиданиҳо нахоҳанд рӯйид. Бинобар ин, ҳар чӣ аз ғаму шодӣ мерасад, неъмати Худост ва шукри он воҷиб аст, то бало ва бадбахтӣ бигзараду осоишу хушӣ ҷойи онро бигирад.
ДОСТОНИ БА ҶАНГ РАФТАНИ СӮФӢ
Як дарвеши бенаво ҳангоми ҷанг худро дар лашкар андохта, омодаи набард шуд. Ҳамин ки ҷанг оғоз гардид ва диловарон ба майдони ҷанг рафтанд, сӯфӣ монанди дигар барҷомондагону пирон дар хаймагоҳ монд. Сарбозон ғалаба карданд ва бо ғанимати бисёр бозгаштанд. Аз он чӣ оварда буданд, ба ӯ ҳам саҳме доданд, ки дилхуш бошад. Сӯфӣ напазируфту гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор