Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Худованд ҳар корро ба сабаб вогузоштааст. Асл ин аст, ки ҳеҷ коре бе сабаб воқеъ намешавад. Бо ин ҳама гоҳ иродаи Парвардигор бар хилофи одати мо ба вуқӯъ меояд ва бесабаб ҳам касе сазовори атои Худованд мешавад. Монанди Мӯсо (а), ки бар хилофи одати рӯзмарраи мо асои дасти ӯ аждаҳо мешуд. Ё садҳо муъҷизаҳои пайғамбарони дигар, ки ҳама бесабаб ва хилофи одатҳои мо воқеъ шудаанд.
Бо ин ҳама Худованд мукофоти некӯкоронро кафолат додааст ва агар касе ба даромаду моли хеш нодоронро шарик кунад, шак нест, ки ҳоҷатманду гирифтори мушкилӣ нахоҳад шуд.
ДОСТОНИ ЗОҲИДУ ЗАНАШ ВА КАНИЗАК
Зоҳиде зани серрашк ва канизаки зебое дошт. Зан аз бисёрии рашк пайваста канизакро мепойид, ки мабодо миёни ӯ ва шавҳараш робитаи наздикӣ барқарор шавад. Иттифоқан, рӯзе зан ба гармоба рафт ва канизакро ҳам ҳамроҳ бурд. Ногоҳ ёдаш омад, ки таштро фаромӯш кардааст. Ба ночор канизакро барои овардани ташт ба хона фиристод. Канизак, ки шаш сол боз ошиқи зоҳид буд, аз шодӣ, ки ӯро дар хона танҳо хоҳад ёфт, болу пар баровард ва худро ба хона расонид. Зоҳид ҳам, ки чунин тасодуфи дилангезро интизор набуд, ӯро дар оғӯш кашид.
Гашт паррон, ҷониби хона шитофт,
Хоҷаро дар хонаи хилват биёфт.
Ҳар ду ошиқро чунон шаҳват рабуд,
К-эҳтиёту ёди дар бастан набуд.
Ҳар ду бо ҳам дар хазидан аз нишот,
Ҷон ба ҷон пайваст он дам з-ихтилот.
Зан, ки дар гармоба буд, ногаҳон ба ёдаш расид, ки иштибоҳ кардааст ва бо дасти худ он канизаку шавҳарашро ба ҳам расонидааст. Пас бошитоб шустушӯ карду бо дили шӯрида ва нигаронии фаровон рӯ ба хона ниҳод. Чун бад-он ҷо расид ва дарро боз кард, канизаку зоҳид садои поро шуниданд ва канизак либос пӯшиду зоҳид ба намоз пардохт. Зан аз чеҳраи ошуфтаи канизак дарёфт, ки кор аз кор гузашта ва ӯ дер расидааст. Чун шавҳарро дар намоз ларзон дид, домани куртаи ӯро боло зад ва ба рози нуҳуфта пай бурд. Он гоҳ муште бар сари зоҳид кӯбиду гуфт:
– Эй номард! Ба ин олудагӣ ба намоз истодаӣ ва фаромӯш кардаӣ, ки:
Рӯзи маҳшар ҳар ниҳон пайдо шавад,
Ҳам зи худ ҳар муҷриме расво шавад.
Дасту по бидҳад гувоҳӣ бо баён
Бар фасоди ӯ ба пеши мустаъон.
Даст гӯяд: «Ман чунин дуздидаам»,
Лаб бигӯяд: «Ман чунин пурсидаам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор