Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Аммо хашму нороҳатӣ дигар суде надошт, дасти қазову қадар бар рашки зан пирӯз шуд. Он чӣ набояд иттифоқ биафтад, воқеъ шуда буд ва ҳеҷ кӯшише пеши онро гирифтан наметавонист.
ДОСТОНИ ТАВБАИ НАСӮҲ
Дар рӯзгорони гузашта марде буд, Насӯҳ ном, ки чеҳраи ӯ ҳолату рангу рухсори занонро дошта ва ба ин сабаб ӯ хидматгории гармобаи занонро пешаи худ карда буд.
Буд рӯйи ӯ чу рухсори занон,
Мардии худро ҳамекард ӯ ниҳон.
Бо вуҷуди ин ки худро ба шакли зан меорост ва ҷомаи занона бар тан мекард, дар шаҳватронӣ аз мард чизе камӣ надошт. Бо молиши занони бузургону шоҳзодагон лаззат мебурд. Барои ин кор борҳо пеши худ тавба мекард, аммо ҳар бор тавбаашро мешикаст:
Тавбаҳо мекарду то дармекашид,
Нафси кофир тавбаашро медарид.
Оқибат рӯзе назди орифи худопарасте рафт ва аз ӯ дархост кард, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунад, зеро он марди худопараст монанди Худо аз рози ниҳони ӯ огоҳ буд. Аммо ба ҳукми Парвардигори бузург розпӯшӣ кард, зеро мардони Худо ҳамеша қуфле бар забон доранд:
Бар лабаш қуфл асту дар дил розҳо,
Лаб хамӯшу дил пур аз овозҳо.
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд,
Розҳо дониставу пӯшидаанд.
Он марди ориф Насӯҳро расво ва фош накарда гуфт:
– Умедворам, Худованд аз он чӣ ту пинҳон мекунӣ, туро тавба диҳад:
Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд,
Розҳо дониставу пӯшидаанд.
Ҳар киро асрори кор омӯхтанд,
Муҳр карданду даҳоншон дӯхтанд.
Аз ин ки дуои мардони Худо дар назди Яздони пок ҳамеша пазируфтааст, Худованд дуои ӯро пазируфт ва оқибати кори он мискину бечора дар охири охирон хуб шуд.
Рӯзе дар гармоба гавҳаре аз зару зевари яке аз шоҳзодадухтарон гум шуд. Дари гармобаро бастанду ҳама сӯрохию шикофиҳоро кофтанд. Амр карданд, ки ҳама ходимон омодаи кофтуков бошанд. Насӯҳ аз тарси расвоие, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯ зан набуда, мард будани ӯ ошкор мешавад, ба ларза афтод ва дар гӯшае пинҳон шуд. Аммо аз тарси расвоӣ ва марг бо тани ларзон аз таҳи дил аз кори зишти худ пушаймон гашта, тавба мекард ва бо Худо розу ниёз ва лобаю зорӣ менамуд.
Гуфт: «Ё Раб, борҳо баргаштаам,
Тавбаҳову аҳдҳо бишкастаам.
Кардаам онҳо, ки аз ман месазид,
То чунин сели сиёҳе даррасид.
Навбати ҷустан агар дар ман расад,
Ваҳ, ки ҷони ман чӣ сахтиҳо кашад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор