Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ризқ аз Вай ҷӯ, маҷӯ аз Зайду Амр,
Мастӣ аз Вай ҷӯ, маҷӯ аз бангу хамр.

Ин замину тухм, обу кишт сабабҳоянд. Масалан, ҳамаи инҳо фароҳам шуд, аммо дона сабз нашуд ва нарӯйид, чӣ мекунӣ? Нола мекунӣ, даст ба дуо бармедорӣ ва ба Худованди доно паноҳ мебарӣ. Ту корро анҷом бидеҳ, вале баракату ҳосилро аз Худои қодиру тавоно биҷӯй.

Оқибат з-инҳо бихоҳӣ мондан,
Ҳин, киро хоҳӣ дар он дам хондан?

Агар ҳамаро бигузорию ба Худованди доно паноҳ барӣ, ҳаргиз зиён нахоҳӣ дид. Рӯзгоре мерасад, ки мард аз бародараш мегурезаду фарзандон аз падару модар. Агар Худованди мутаъол бо ту бошад, аз ин ҳодисаҳо ҳарос набояд дошта бошӣ. Чӣ басо ёрону наздикону хешовандон аз рашку ҳасад ё тамаъу ғараз туро бигузоранд. Нигарон машав! Ӯро бихоҳу чашм ба дигарон надошта бош! Агар дӯсти ҳасуд имрӯз туро раҳо кард, ё хӯйи бади худро ошкор кард, нороҳат нашав, балки хушҳол бош, ки худро ба ту шиносонд ва гавҳари хешро нишон дод. Вагарна чӣ басо то охири умр гирифтори ӯ бимондӣ. Умру молу тандурустии худро нисор мекардӣ.

Ёри ту чун душмане пайдо кунад,
Гарри ҳиқду рашки ӯ берун занад.
Ту аз он эърози ӯ афғон макун,
Хештанро аблаҳу нодон макун.
Балки шукри Ҳақ куну нон бахш кун,
Ки нагаштӣ дар ҷуволи ӯ куҳун.
Аз ҷуволаш зуд берун омадӣ,
То биҷӯйӣ ёри сидқи сармадӣ.

Чӣ беҳтар аст, ки одаме аз бадии ёрони ҳасуд ва кинаҷӯ халос шавад, вақти худро сарфи ҷустуҷӯйи ёрони ҳақиқӣ кунад ва ба даргоҳи Худованд паноҳ барад.
Он марди накӯкор фарзандони худро ин гуна панд медод ва аз онҳо мехост, ки Худоро фаромӯш накунанд ва моли Худоро бо халқ бихӯранд, то ҳамеша тавонгар бимонанд. Аммо афсӯс, ки онҳо сазовори некӯкорӣ набуданд ва дилҳои онҳо замини шӯразореро мемонд, ки дар он ҳеҷ донае сабз намешавад ва ҳосил намедиҳад.
Пайғамбарон, ҳама халқро ба корҳои нек даъват мекарданд, вале панди онҳо дар ҳама яксон асар намекард. Танҳо мардумони хушбахт гӯш ба насиҳатҳои некӯхоҳон мекунанд. Сухани хуб дар дили санг асар намекунад.

З-он чи кӯҳу санг дар кор омаданд,
Менашуд бадбахтро бикшода банд.

Аммо ҳеҷ мушкиле ба осонӣ ҳал намешавад. Чӣ бисёр дилҳои сангин, ки доду атои Худованд онҳоро қобилият медиҳад. Аммо доштани қобилият танҳо шарт нест, шарти асосӣ иродаи бахшиши Ӯст.

пешина
аз 176
навбатӣ