Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
– Эй мард, ту бо дидани гиряи шайх гирён шудӣ ва надонистӣ барои чӣ гиря мекунӣ. Албатта, ин кори ту аз ҷиҳати тақлид буд. Вале мабодо гумон кунӣ, ки гиряи тую ӯ монанд аст. Агар чунин биандешӣ, дарвоқеъ, инкори шайх ва муроди худро кардаӣ. Ману ту монанди сабаде ҳастем рӯйи об, ки хаёл мекунанд пур аз об шудааст. Аммо ҳамин ки онро бармедоранд, обе дар он нест. Ё монанди ойинае ҳастем, ки нури офтоб дар он инъикос мешаваду гумон мекунад нури худи ӯст, ки медурахшад. Аммо ҳамин ки офтоб ғуруб кард, торикӣ мешавад ва аз рӯшноӣ дар ӯ хабаре нест.
Гиряи шайх дами Исо (а) аст, на чун ҳар даме, ки аз ғам ё шодӣ бошад. Он чӣ одамӣ бинаду аз дидори он шоду хандон шуда ё ғамгину гирён мегардад, ба ваҳму хаёли мо дарнамеояд.
Зоҳираш монад ба зоҳирҳо, валек
Қурси нон аз қурси маҳ дур аст нек.
Масали мурид масали тӯтӣ аст, ки дар баробари ойина нигоҳаш доштаанд, ӯ дар ойина тӯтии ҳамҷинси худро мебинад. Устодро, ки пушти ойина ниҳон шуда сухан мекунад, намебинад ва хаёл мекунад, ки тӯтии ойина сухан мекунад. Ӯ ҳам тақлидашро мекунад.
Дар пайи ойина он усто ниҳон,
Ҳарф мегӯяд адиби хушзабон.
Тӯтияк пиндошта, к-ин гуфти паст
Гуфтани тӯтист, к-андар ойинаст.
Пас зи ҷинси хеш омӯзад сухан
Бехабар аз макри он гурги куҳан.
Аз паси ойина меомӯзадаш
В-арна н-омӯзад ҷуз аз ҷинси х(в)адаш.
Гуфтро омӯхт з-он марди ҳунар,
Лек аз маъниву сирраш бехабар.
Аз башар бигрифт мантиқ як ба як,
Аз башар ҷуз ин чӣ донад тӯтияк?
ДОСТОНИ МАРДИ НЕКӮКОРИ АҲЛИ ЗАРВОН
Дар Зарвон ном деҳе дар кишвари Яман марди накӯкоре зиндагӣ мекард, ки пайваста роҳе барои кӯмак ба дармондагону ниёзмандон пайдо мекард. Мекӯшид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳоҷатмандӣ бираҳонад.
Каъбаи дарвеш будӣ кӯйи ӯ,
Омадандӣ мустамандон сӯйи ӯ.
Ӯ ҳангоме ки гандумро дарав мекард, даҳяки онро ба нодорон мебахшид ва чун гандуми боқимондаро орд мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Вақте ки нон мепухт, даҳяки нонро ба дигарон мебахшид. Рӯзе фарзандони худро гирд оварда, васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон, дармондагону бечорагонро фаромӯш кунед. Агар ҳаққи фақирону бечорагонро бидиҳед, Худованд ба кишту меваи баракат ато менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор