Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Даруни хок чун симоб рафтанд.
Бибин инҳо, ки симин баргузиданд,
Ба рӯи сурхи чун унноб рафтанд.
Ҳар он дилҳо, ки бе ту шод бошад,
Чу хошоке миёни бод бошад.
Чу мурғи хонагӣ, к-аз авҷ паррад,
Чу шогирде, ки беустод бошад.
Чӣ монад сурате, к-аз худ тарошӣ,
Бад-он шоҳе, ки ҳуризод бошад?
Чӣ монад ҳайбати шамшери чӯбин,
Ба шамшере, ки аз пӯлод бошад?
Ту аҳде кардаӣ, чун рӯҳ будӣ,
Валекин кай туро он ёд бошад?
Агар мункир шавӣ, ман сабр дорам
Бад-он рӯзе, ки рӯзи дод бошад.
Нигоро, мурдагон аз ҷон чӣ донанд,
Калоғон қадри тобистон чӣ донанд.
Бари бегонагон то чанд бошӣ,
Биё, ҷон, қадри ту эшон чӣ донанд.
Бипӯшон қадди хубатро зи эшон,
Ки кӯрон сарв дар бустон чӣ донанд.
Хиромон ҷониби майдони хеш о,
Мабош он ҷо, харон майдон чӣ донанд.
Бизан чавгони худро бар дари мо,
Ки хомон лутфи он чавгон чӣ донанд.
Биҳил вайрона бар ҷуғдони мункир,
Ки ҷуғдон шаҳри ободон чӣ донанд.
Чӣ донанд мулки дилро танпарастон,
Гадоён табъи султонон чӣ донанд.
Яке муште аз ин бедасту бепо,
Ҳадиси Рустами дастон чӣ донанд.
Дил бо дили дӯст дар ҳанин бошад,
Гӯёи хамӯш ҳамчунин бошад.
Гӯям сухану забон наҷунбонам,
Чун гӯши ҳасуд дар камин бошад.
Донам, ки забону гӯш ғаммозанд,
Бо дил гӯям, ки дил амин бошад.
Сад шуълаи оташ аст дар дида
Аз нуктаи дил, ки оташин бошад.
Худ турфатар ин, ки дар дили оташ
Чандин гулу сарву ёсамин бошад.
З-он оташ боғ сабзтар гардад,
То оташу об ҳамнишин бошад.
Ай рӯҳ, муқими марғзорӣ ту,
К-он ҷо дилу ақл доначин бошад.
Он сӯй, ки куфру дин намегунҷад,
Кай мову мани фалони дин бошад?
Ай ишқ, ки ҷумла аз ту шоданд,
В-аз нури ту ошиқон бизоданд.
Ту подшаҳию ҷумла ушшоқ
Ҳамранги ту подшаҳнажоданд.
Ҳар кас, ки сарею дидае дошт,
Диданд туро, саре ниҳоданд.
Хуршед туию зарра аз туст,
В-он нур ба нур боз доданд.
Чун бӯи инояти ту бошад,
Золон ҳама Рустами ҷаҳонанд.
Чун аз бари ту мадад набошад,
Гар Ҳамзаву Рустаманд, боданд.
Ай дил, барҷаҳ, ки моҳрӯён
Аз пардаи ғайб рӯ гушоданд.
Мастанду тариқи хона донанд,
Зеро ки на маст аз фасоданд.
То ишқ зияд, зиянд эшон,
То ёд бувад, ҳама ба ёданд.
Ин қофила бори мо надорад,
Аз оташи ёри мо надорад.
Ҳарчанд дарахтҳои сабзанд,
Бӯе зи баҳори мо надорад.
Ҷони ту чу гулшан аст, лекин
Дил хаста ба хори мо надорад.
Баҳрест дили ту дар ҳақоиқ,
К-ӯ ҷӯшу канори мо надорад,
Ҳарчанд, ки кӯҳ барқарор аст,
Валлаҳ, ки қарори мо надорад.
Ҷоне, ки ба ҳар сабӯҳ маст аст,
Бӯе зи хумори мо надорад.
Он мутриби осмон, ки Зуҳраст,
Ҳам тоқати кори мо надорад.
Аз шери Худой пурс моро,
Ҳар шер қифори мо надорад.
Манмой ту нақд, Шамси Табрез
Онро, ки иёри мо надорад.
Бечора касе, ки май надорад,
Ғӯра ба салаф ҳамефишонад.
Бечора замин, ки шӯра бошад
В-ин абри карам бар ӯ наборад.
Боре, дили ман сабӯҳи маст аст,
Воми шаби дӯш мегузорад.
Гуфтам ба сабӯҳ хуфтагонро:
Помузди вайам, ки сар барорад.
Имрӯз гурехт шарм аз ман,
Ӯ бар кафи маст кай нигорад?
Соқист гирифта гӯшам имрӯз,
Як лаҳза маро намегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор