Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

Ҷоми чу асо-ш аждаҳо шуд,
Бар қибтии ақл мегуморад.
Хомӯшу бибин, ки хумми мастон
Чун ҷоми шариф месипорад.

Он шуълаи нур мехиромад,
В-он фитнаи ҳур мехиромад.
Шаб ҷома сапед кард, зеро
К-он моҳ зи дур мехиромад.
Мастони шабонаро башорат:
Соқӣ ба саҳур мехиромад.
Ҷонро ба мисоли уд сӯзем,
К-ин кони булӯр мехиромад.
Он фитна нигар, ки бори дигар
Бо сад шару шӯр мехиромад.
Он душмани сабрҳои ошиқ,
Дар хуни сабур мехиромад.
Ҷонам ба фидои он Сулаймон,
К-ӯ ҷониби мӯр мехиромад.
Ҷуз чеҳраи ошиқон мабинед,
К-он шоҳи ғаюр мехиромад.
Дар қолаби халқ Шамси Табрез,
Чун нафхаи сур мехиромад.

Имрӯз нигори мо наёмад,
Он дилбару ёру мо наёмад.
Он гул, ки миёни боғи ҷон аст,
Имшаб ба канори мо наёмад.
Саҳро гирем ҳамчу оҳу,
Чун мушки татори мо наёмад.
Ай равнақи мутрибон, ҳамин гӯ,
К-ин равнақи кори мо наёмад.
Ором мадеҳ ту ною дафро,
К-орому қарори мо наёмад.

Он соқии ҷон нагашт пайдо,
Дармони хумори мо наёмад.
Шамси Табрез, шарҳ фармо,
Чун фасли баҳори мо наёмад?

Ҳар сина, ки симбар надорад,
Шахсе бошад, ки сар надорад.
В-он кас, ки зи доми ишқ дур аст,
Мурғе бошад, ки пар надорад.
Ӯро чӣ хабар бувад зи олам,
К-аз бохабарон хабар надорад.
Ӯ сайд шавад ба тири ғамза,
К-аз ишқ сари сипар надорад.
Онро, ки далер нест дар роҳ,
Худ пиндорӣ ҷигар надорад.
Дар роҳ фикандааст дурре,
Ҷуз ӯ, ки фиканд, барнадорад.
Он кас, ки нагашт гирди он дар,
Бас бегуҳар асту фар надорад.
Вақти саҳар аст, ҳин, бихусбед,
Зеро шаби мо саҳар надорад.

Кас бо чу ту ёр роз гӯяд,
Ё қиссаи хеш боз гӯяд.
Оқил кардаст бо ту кӯтоҳ,
Лекин ошиқ дароз гӯяд.
Аз ишқи ту дар суҷуд афтад,
Савдои ту дар намоз гӯяд.
Аз ноз ҳама дурӯғ гӯӣ,
Он-ч ин дилам аз ниёз гӯяд.
Ман ҳамчу Аёзаму ту Маҳмуд,
Бишнав сухане, к-Аёз гӯяд.
Пеши ту касе ҳадиси ман гуфт,
Гуфтӣ ту, ки ӯ маҷоз гӯяд.

Чун зар суханони ман шунидӣ,
Гуфтӣ, ба тариқи гоз гӯяд.

Қанд бигшой, ай санам, то айшро ширин кунад,
Ҳин, ки омад дуди ғам, то халқро ғамгин кунад.
Ай ту ранги офият, зеро ки моҳ аз хосият
Сангҳоро лаъл созад, меваро рангин кунад.
Парда бардор, ай қамар, пинҳон макун тунги шакар,
То бари самини ту аҳволи мо заррин кунад.
Ишқи ту ҳайрон кунад, дидори ту хандон кунад,
З-он ки дарё он кунад, зеро ки гавҳар ин кунад.
Аз миёни дил сабуҳе, к-офтобат теғ зад,
Гардани ҷонро бизан, гар чархро тамкин кунад.
Чашми ту дар чашмҳо резад шаробе, к-аз сафо
З-он сӯи ҳафтод парда дидаро раҳбин кунад.
Гар шабе хилват кунӣ, гӯям ман андар гӯши ту
Лутфҳоеро, ки бо мо шаҳ Салоҳуддин кунад.

Фахри ҷумла соқиёнӣ, соғарат дар кор бод,
Чашми ту махмур боду ҷони мо хаммор бод.
Ай зи нӯшонӯши базмат ҳушҳо беҳуш бод,
В-ай зи ҷӯшоҷӯши ишқат ақл бедастор бод.
Чун занони Миср ҷонро дасту дил маҷрӯҳ бод,
Юсуфи мисрӣ ҳамеша шӯриши бозор бод.
Соқиё, аз дасти ту бас дастҳо аз даст шуд,
Масти ту аз дасти ту пайваста бархурдор бод.
Мағзи мо пурбод боду машки мо пуроб бод,
Боди моро в-оби моро ишқ пазруфтор бод.
Шоҳи хубон мири мову ишқи гирогири мо,
Ҷони давлат ёри мову бахту давлат ёр бод.
Саркашему сархушему якдигарро мекашем,
Ин вуҷуди мо ҳамеша ҷозиби асрор бод!

пешина
аз 71
навбатӣ